Рубрики
Uncategorized

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: ПАЁМ – РОҲНАМО БАҲРИ ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА

Дар маҷлисгоҳи ҷамоати деҳоти Ёва мулоқоти  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Идизода Файзалӣ Фузайлшоҳ ва Мирзозода Мавлуда Зайнӣ бо фаъолони ҷамоат ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ доир шуд. Дар мулоқот , инчунин, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  Абдуллозода Фирдавс Тоҷӣ иштирок  намуд.

   Зимни баромад Идизода Файзалӣ қайд кард, ки  Паёми Пешвои миллат роҳи минбаъдаи моро ба сӯйи фардо муайян намуда, назди ҳар як фарди солимфикр, шахси ватандӯсту меҳанпарвар вазифаю масъулияти навинро вогузор намуд.Пешвои миллат доири ҳар як бахши фаъолият чӣ иқтисодиёту сиёсат, фарҳангу тандурустӣ, қонунгузорию мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маълумоти муфассал дода, соҳаҳои мазкурро ба таври возеҳу равшан таҳлил намуданд.

   Дар умум мазмуни умумии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад, ки дар меҳвари он масъалаҳои таъмини зиндагии сазовор барои сокинони кишвар ва ғамхории зиёд нисбат ба қишрҳои гуногуни ҷомеа қарор гирифтааст.

   Дигар самтҳои муҳимро, ки дар Паём ироа гардид,  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Мавлуда Зайнӣ шарҳу тавзеҳ дода, зикр дошт, ки  Паёми Президент дар баробари аҳамияти сиёсиву ҳуқуқӣ доштан, инчунин, аҳамияти махсуси ахлоқиву тарбиявӣ низ дорад.Суханону андешаҳои пурмуҳтаво ва пандомӯзи Сарвари давлат зимни ироаи паёмҳояшон дар бораи адлу тадбир, таълиму тарбия, илму маориф, ватандӯстиву ватанпарастӣ, саховату эҳсон,адолати иҷтимоӣ ва амсоли онҳо боиси баланд гардидани масъулият ва ҳисси милливу ватандӯстӣ, маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аҳолии мамлакат, бахусус, наврасону ҷавонон  мебошад.

    Дар интиҳо  фаъолони ҷамоат, Саидов Саидумрон, Қосимова Шоира Раҳбаровна, Ниёзов Ботур ба музокира баромаданд. Мулоқот бо саволу ҷавоби тарафайн ба охир расид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *