Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Пешгирии амалҳои номатлуб

Тибқи нақшаи ташкилоти  ибтидоӣ дар  минтақаи Хистеварз, дар маҷлисгоҳи ҷамоати деҳоти Хистеварз вохӯрӣ оид ба риояи Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ”, рафти иҷроиши Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбҳои ғайриқонунӣ, ободии маҳал ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ташкил ва баргузор карда шуд. Дар вохӯрӣ асосан намояндагони маҳаллаҳо, фаъолон, ходимони дин, ходимаю бибиотунҳо, ҷавононе, ки барои ба қайд гирифтани ақди никоҳ ариза пешниҳод кардаанд, падару модарони онҳо, кормандони ҷамоат иштирок намуданд. Вохӯриро раиси ҷамоат Ҷӯрабоева М.Т. оғоз намуда,  масъалаҳои вохӯриро ба иштирокчиён шинос намуда, суханронӣ намуд. Баъдан раиси шӯрои занони ҷамоат Ҷӯраева М.Л., имомхатиби Масҷиди Сурх Шарипов А., раиси кумитаи маҳаллаи Ҷӯи муғули Д.Азизов Ҳакимов А., раиси кумитаи маҳаллаи Фрунзе Қодиров С., ба музокира баромада, оиди боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолияти аъзоёни комиссия дар  масъалаҳои дар боло зикргардида пешниҳодҳои худро доданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *