Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Пешгирӣ аз ифротгароӣ, тарғиби таҳаммулпазирӣ ва баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ байни ҷавонон

Тибқи нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар маҷлисгоҳи ҷамоати деҳоти Ёва вохӯрии мушовири директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Азизулло Файз, корманди маркази исломшиносӣ Абдулло Қодирӣ , роҳбари дастгоҳи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Салимов Фирдавс ва раиси кумиҷроияи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Амирҷон Анварзода бо аъзоёни фаъоли ҳизб, ходимони дин ва сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба пешгирӣ аз ифротгароӣ, тарғиби таҳаммулгароӣ ва баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ дар байни ҷавонон  баргузор гардид.Чорабиниро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Амирҷон Анварзода ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Мавсуф зимни суханронии хеш афзуд, ки омили муҳимтарини ҳастии миллат, ҳуввияти миллӣ, сарчашмаи тамоми хушбахтиҳо ва ваҳдати миллату пешрафти ҷомеа ин аз муттаҳид будани халқи Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Нигоҳ доштани сулҳу субот, ҳимояи марзу буми кишвар, риояи талаботҳои қонунҳои амалкунанда, пос доштани ниёгони аҷдодӣ вазифаи муқаддаси ҳар яки мову шумо ба ҳисоб меравад. Мо қишри фаъоли ҷомеаро зарур аст, ки дар байни аҳолӣ, хусусан ҷавонону наврасон корҳои фаҳмондадиҳиро дар самти пешгирӣ аз ифротгароӣ, тарғиби таҳаммулгароӣ ва баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ пурзӯр намуда, мардумро ва алалхусус ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят намоем.Сипас, меҳмонон низ оиди мавзӯи мазкур баромадҳои таъсирбахш намуда, мардумро даъват намуданд, ки баҳри таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу суботи кишвар, марзу буми Ватан,  рушди илму маориф ва пешрафти дигар соҳаҳои ҳаёти хоҷагӣ саҳмгузор бошем. Воқеан, имрӯзҳо дар байни аҳолӣ нафароне ёфт мешаванд, ки ба қадри сулҳу субот ва ободиву шукуфоии мамлакат нарасида, даст ба ҳар гуна амалҳои номатлуб мезананд.  Пешрафти ҷомеа дар тамоми соҳаҳо аз тинҷию оромӣ вобастагии зиёд дошта, муттаҳидиву иттифоқии ҷомеа, алалхусус ҷавонон асоси он ба шумор меравад.  Нагузорем, ки нохалафон ба тинҷию оромии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо халалдор гардида, бо ҳар гуна роҳу воситаҳо ҷавонони моро гумроҳ кунанд. Ҳамчунин, аз байни иштирокчиён низ Ғаффоров Абдурауф -раиси маҳаллаи “Осариқ” ва Шарипов Икромҷон-имомхатиби масҷиди  ҷомеъи “Бурхи сармасти Валӣ”   андешаҳои худро бобати мавзӯи дар боло зикргардида баён намуда, изҳор доштанд, ки бояд дар ин самт корҳои тарғиботӣ – ташвиқотиро дар байни ҷомеа пурзур намоем ва  пеши роҳи онро сари вақт гирифта, аз як геребон сар бароварда баҳри пойдории сулҳ, рушду нумӯъ ва пешрафту тараққиёти Ватани маҳбубамон саҳмгузор бошем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *