Рубрики
Асосӣ Мақола

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: ПИРЯХҲОРО ҲИФЗ БОЯД НАМУД.

Яке аз ташаббусҳои беназири Пешвои миллат ин эълон намудани соли 2025 “Соли ҳифзи пиряхҳо” мебошад, ки ба манфиати тамоми инсоният нигаронида шудааст.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабаби асосии тағъирёбии иқлимро дар обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ маънидод карда буданд. Таъкид намуданд, ки мутаассифона, имрӯзҳо босуръат об шудани яхро дар Арктикаю Антарктида мушоҳида менамоянд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  оид ба вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон андешаронӣ намуда, таъкид  дошта буданд, ки обшавии пиряхҳои бузурги Тоҷикистон низ солҳои  охир зиёд ба назар мерасад. Ба маротиб гарм омадани вазъи ҳаво дар фасли тобистон боис ба обшавии азимтарин пиряхҳо дар ҷаҳон гаштааст, ки ин боиси нигаронӣ мебошад.

Пиряхҳо захираи асосии оби софи ҳар давлат ба ҳисоб меравад, аммо обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад, ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад. Ин ҳолатро Президенти мамлакат  ба дурустӣ  дарк карда, масъалаи ҳифзи пиряхҳоро ба миён гузоштанд, аз ҷониби ҷаҳониён дастгирӣ ёфт, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ натиҷаи хуб медиҳад.

Пешвои миллат ҳамеша дар сиёсати худ масъалаи ҳифзу эҳтиёти обро ба миён гузошта, дастрасӣ доштани аҳолии ҷаҳонро бо оби тозаи ошомиданӣ яке аз рукнҳои оламу инсоният маънидод кардаанд. Ба ин хотир, чандин ташаббусҳоро дар сатҳи ҷаҳон доир ба рушди об пешниҳоди ҷомеаи ҷаҳонӣ сохтаанд, ки дастгирии ҳамаҷониба ёфтааст.

Аъзо фаъоли ҳизб дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *