Рубрики
Асосӣ Мақола

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: РАСИДАН БА СУЛҲ ОСОН НАБУД!

Бешубҳа ҳаёти осудаи имрӯзаи мо аз Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри Арбоб шурӯъ шуд. Вазъияти солҳои 1991-1992 набояд аз хотири халқ фаромӯш шавад. Давлат ва сохторҳои идориву қудратии он фалаҷ гашта, Қонун амал намекард, ҳар минтақа дар дасти гурӯҳҳои мухолифи яроқнок монда, инсонҳоро бе пурсиш мекуштанд, хонаву коргоҳҳоро месӯзонданд, амволи халқу давлатро ба яғмо мебурданд. Ва давлат имкони пешгирии онро надошт. Ҳама дар фикри ҷони худ буданд. Ба мардум танҳо як чиз зарур буд: қатъи хунрезӣ ва сулҳ, тинҷии давлат ва саломатӣ. Чизҳои дигар аз ёди мардум баромада буданд.

 Он рӯзҳо давлат бе роҳбар монда буданд. Барои таъсис додани давлат танҳо иҷлосияи навбатии Шӯрои Олии аз ҷониби халқ интихобшуда – ягона сохтори расмии ҷумҳурӣ зарур буд. Дар мавриди интихоби ҷойи Иҷлосия баҳсҳо зиёд буданд. Аввал маслиҳат буд, ки дар пойтахт гузарад, кӯшиш ҳам шуд, вале дастаҳои мусаллаҳ имкони ҷамъ шудан надоданд. Ягона ҷойи тинҷу имконпазир шаҳри Хуҷанд  ва аз лиҳози бехатарию шароити мувофиқи корӣ Қасри Арбоб буд.

Дар ҷараёни иҷлосия ҳукумати нав таъсис дода шуд. Дарвоқеъ, бисёр касон аз тарс вазифаҳоро ба ӯҳда гирифтан намехостанд. Бисёриҳо бар он назар буданд, ки ин ҳукумат як ҳафта, дераш 6 моҳ мекашад. Вале хушбахтона, баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри Арбоб барои хатми ҷанги шаҳрвандӣ замина фароҳам овард ва дар пайи он ақлу хирад алайҳи ҷанги ҷаҳолат ғолиб гашта, суботи комил ба даст омад ва имсол мардуми кишвари мо 30-солагии онро ботантана чун иди умумии миллат таҷлил мекунем. Ин иҷлосия дар ҳақиқат, таърихӣ тақдирсоз ба ҳисоб меравад. Муҳимтарин дастовардҳои иҷлосияи мазкур — ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Имрӯз шукр мекунем, ки Шӯрои Олӣ, он замон дар интихоби худ хато накард.

Шукр мекунем, ки аз пайи истиқлол ва сулҳу ваҳдат зина ба зина сатҳи зиндагии мардум хеле пеш рафт. Тақсими ҳазорҳо гектар замин, имтиёзҳои зиёд барои кишоварзӣ, саноат, соҳибкорӣ, қарзҳои имтиёзнок боиси рушди баланд шуд. Асоси муваффақият истифодаи самараноки замин ва даромаднокии он, техникаву технологияи замонавӣ мебошад. Дар ин хусус ҳукумат барномаҳои рушди ҳама соҳаҳои истеҳсолиро қабул кардааст.

 Таҷрибаи давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун мактаби сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад мебояд, ки ин таҷрибаро дар мактабҳои таҳсилоти умумиву олӣ омӯзонида шавад, то чунин мушкилот дар таърихи минбаъдаи халқу давлати мо такрор нагардад.

Хулоса, ҳар рӯзе, ки сипарӣ мешавад, мо бояд шукронаи сулҳу ваҳдати кишварро кунем. Вазифаҳои ҳар фарди ҷомеа аз он иборат аст, ки баҳри оромии кулл ва ҳифзи сарватҳои Тоҷикистони азиз саҳми худро гузорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *