Рубрики
Uncategorized

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Рӯзи дарҳои кушод таҳти унвони “Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – сипари боэътимод”

 

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати – миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси барқияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд таҳти №12 аз санаи 10.02.2022 сол Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар қисми ҳарбии 45025  рӯзи дарҳои кушод таҳти унвони “Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – сипари боэътимод”-ро ташкил намуд.

Дар чорабинии мазкур Муовини раиси  КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд -Мансурӣ Замирахон -, муовини раиси  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зоҳидов Алиҷон – ва Шодиев Ризо- командири қисми ҳарбии 45025 иштирок намуданд. 

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, ки аз ҳадафҳои аслии ҲХДТ маншаъ мегирад дар чорабинии мазкур  200 нафар ҷавонон, аъзоёни намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия ҷалб гардиданд.

Меҳмонон зимни баромади худ таъкид намуданд, ки ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда дар ҳимояи истиқлоли миллӣ, таъмини суботи сиёсӣ ва ҳифзи сулҳу Ваҳдат нақши муассир дошта, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар рисолати инсонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҷавонмардон аст.

Гуфта шуд, ки Артиши миллӣ муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт буда, маҳз дар ин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ меомӯзанд.

Дар доираи рӯзи дарҳои кушод таҳти унвони “Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – сипари боэътимод” меҳмонон ва ҷавонон аз шарту шароит ва буду бошти афсарону сарбозон ва қисми ҳарбӣ ошнои пайдо намуданд.

Барои обутоб додани сарбозон ва ҷалби онҳо ба варзиш аз тарафи  кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ба қисми ҳарбӣ лавозимотҳои варзишӣ ҳадя карда шуд.

Инчунин якчанд нафар афсарону сарбозон бо Сипосномаи кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва хизматҳои содиқона бахшида ба муносибати рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Дар охир барои болидахотирии ҳайати шахсии қисми ҳарбии 45025    ба муносибати рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи санъаткорони ноҳия чорабинии фарҳангӣ ташкил карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *