Ҷиҳати иҷроиши барқияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, бо иқдоми кумиҷроияи ноҳиявӣ дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия санаи 15-уми октябри соли 2021 бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси Ватандӯстию Ватандорӣ ва ифтихор аз сарзамини аҷдодӣ, чорабинӣ таҳти унвони “Рӯзи дарҳои кушод”дар қисми низомии 14356 баргузор намуд.
Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Турсунзода Дилором, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муҳтарам Анварзода Амирҷон, мудирони шуъбаҳои кор бо занони ноҳия ва волидайни сарбозон иштирок намуданд.
Чорабиниро раиси кумиҷроияи ноҳиявӣ бо суханони табрикотӣ оғоз намуда, қайд намуданд, ки саҳми насли ояндасози Ватан, бахусус сарбозон , дар таъмини сулҳу субот ва якпорчагии кишвар ва таъмини амнияти давлату миллат басо бузург аст. Ҷавонон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хизмат намуда, аз мактаби мардонагӣ гузашта, рисолати шаҳрвандии худро адо менамоянд.Бояд ҳар як ҷавонмарди кишвар зиракию ҳушёрии худро аз даст надода, дар пешгирии зуҳуроти номатлуби ҷомеа саҳмгузор бошад, манфиатҳои миллату давлатро аз манфиатҳои худ боло гузорад.
Инчунин, муовини раиси ноҳия муҳтарама Турсунзода Дилором баромад намуда, ифтихормандии худ ва аҳли кормандони ҳукумати ноҳияро ба саҳми аскарон расониданда онҳоро бо 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик карданд.Қайд намуданд, ки боиси ифтихор ва сарбаландист, ки имрӯзҳо қисми зиёди ҷавонони ноҳия бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ омада, сарбаландона адои хизмат менамоянд, ки ин хотири ҷамъи ҳар як сокини ноҳия мебошад.
Сипас, сарбози қаторӣ Хоҷазода Исмоил баромад намуда, изҳори сипоси худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонида аз толиӣъбилмон даъват ба амал овард, ки пас аз хатми муассисаҳои таълимӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардида, рисолати ҷавонмардӣ ва қарзи Модар-Ватанро адо намоянд.
Дар охири маросим аз тарафи КИ ҲХДТ дар ноҳия ба ҳайати шахсии қисми низомӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ба китобхонам қисми низомӣ китобҳо тақдим карда шуд.
Инчунин, намоиши аслиҳаҳои ҷангӣ ва шиносоӣ бо вазъи зисту зиндагонии сарбозони қисми низомӣ шурӯъ гардид. Баъдан, чорабинӣ бо қисмати фарҳангӣ, ки дар он сарбозон рақсу хурсандӣ карданд ба анҷом расид.