Рубрики
Uncategorized

Бобоҷон Ғафуров: Рӯ ба рӯ бо мардум

      Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар асоси барқияи телефонии КИМ ҲХДТ №41 ва бақияи №82-и кумитаи иҷроияи вилоятӣ аз 07.10.2021 бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону духтарон  ва татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014 -2023”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”,пешгирии пошхӯрии оилаҳо ва тарбияи нокоми насли ҷадид бо занҳои хонашини ташкилоти ибтидоии маҳаллаи “Шаҳраки ҳафтум” мулоқоти рӯ ба рӯ доир намуд. 

    Намояндаи кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ зимни суҳбат ба занон таъкид намуд, ки занро дар зиндагӣ тавоно ва созанда гуфтаанд, ки дар ниҳоди ин калимаҳо маъноҳои хеле зиёд ғунҷоиш ёфтааст .Мо – занон тавоногии худро на ба сухан, балки ба амал бояд нишон дода тавониста бошем. Дар амалигардонии қонунҳо масъул бошем. Бо боварии том гуфта метавонем, ки занон нисбати имрӯзу фардои давлату миллати худ бетафовут нестанд. Арзишҳо ва дастовардҳои худро пос медоранд. Ба қадри асолату рисолати худ мерасанд ва боиси хушнудист, ҷаҳду талошҳои Сарвари кишвар , Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ,Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди баланд бардоштани мақому манзалат ва нақши занону духтарони ғайратманди кишвар дар таҳкими пояи давлатдори Тоҷикистони соҳибистиқлол натиҷаҳои худро дода, боварии занонро чун нерӯҳои муқтадири иҷтимоӣ қавӣ мегардонанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *