Рубрики
Uncategorized

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Сада – ҷашни аҷдодӣ

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои зиндаю ҷовид кардани ёдгориҳои мардуми тоҷик, рӯ ба асл оварданд, ки аз ҷумлаи чунин ёдгориҳои мардумӣ ин иди Сада мебошад.

    Ҷашни Сада яке аз куҳантарин идҳои ниёгони мо – тоҷикон мебошад. Сада калимаи форсӣ-тоҷикӣ буда, аз адади 100 (сад) гирифта шудааст. Ин ҷашн пеш аз фарорасии бузургтарин иди суннатии тоҷикон – Наврӯзи оламафрӯз ҷашн гирифта мешавад. Сада чун оини меҳрпарастӣ асосан пас аз анҷомёбии чиллаи калон таҷлил мегардад. Ин ҷашн бошукӯҳтарин ҷашни аҷдодии мо мебошад.

    Сада хони ба худ хос дорад, ки дар атрофи он нишаста, базму рақсу бозиро оғоз мекарданд. Барои гузаронидани ин ҷашн ҷойҳои махсус пешбинӣ гардида, мардум тибқи анъана ҷамъ меомаданд.

     Сада аз сипарӣ шудани зимистон, наздик шудани фасли баҳор ва оғози корҳои кишоварзон хабар медиҳад. Ҷашни мазкурро махсусан деҳқонону кишоварзон бесаброна интизор шуда, дар баргузории он фаъолона иштирок мекунанд.

     Вале мутаассифона, бо гузашти замон  ҷашни мазкур ба кунҷи фаромӯшӣ рафта буд ва ба таври зарурӣ қайд намешуд.  Хушбахтона дар замони истиқлолият бо иқдоми хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни ниёгонамон ҳамчун ҷашни миллӣ аз нав эҳё гардид. Бояд гуфт, ки ҷашни Сада бештар иди барзгарон, аз он ҷумла иди касбии соҳаи куишоварзӣ низ ба шумор меравад. Яке аз оинҳои ҷашни мазкур ҷамъбаст ва натиҷагирии соли гузашта мебошад.

     Фирдавсии бузург оғози ҷашни Садаро ба рӯзи кашфи оташ вобаста кардааст, чунки оташ яке аз муҳимтарин унсури ҳаётофар дар радифи об, ҳаво, хок мебошад. Қайд кардан зарур аст, ки асоси ҷашни    Садаро афрӯхтани гулханҳои хурду калон ташкил намуда, дар атрофи онҳо мардум хони ҷашнӣ ороста, бо суруду шеърхонӣ, рақсу бозӣ аз шаб то саҳар хурсандӣ менамуданд. Оташ дар рӯзгори инсон ҳамсафар буда, гармӣ ва рӯшноии он асоси идомаи ҳаёт мебошад. Парандаи дӯстдоштаи айёми ҷашни Сада хурӯс буда, он шабзиндадорӣ намуда, мардумро аз дамидани рӯшноӣ ва фурӯғи хуршед хабар медод. Сада ба оростани дастархони ҷашнӣ ва базму тараб доир мегардид. Дастархони мазкур бештар аз донагиҳо иборат буда, он бо таъомҳои аз рӯи миҷоз гарм ороста мегашт.

    Мо бояд анъанаҳои  ниёгонамонро идома дода, расму оинҳои хоси ҷашнҳои миллиро пос дошта, ғанӣ гардонем ва барои амалӣ гаштани онҳо мусоидат намоем.

Негматҷонова С – мудири  шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *