Рубрики
Асосӣ Мақола

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР – ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ.

Саноатикунонии босуръати кишвар, ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ қабул гардида, барои таъмини рушди устувори иқтисодиёти Ватанамон замина мегузорад.

Барои расидан ба ин мақсад, яъне саноатикунонии босуръати кишвар,  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалишавии барномаҳои соҳавии қабулгардида ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориро, зери  назорати қатъӣ қарор додааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 дастовардҳои асосии иҷтимоию иқтисодии мамлакатро дар соли 2019 таҳлилу баррасӣ намуда, ба рушди соҳаи саноат аҳамияти махсус зоҳир намуданд. Пешвои миллат, аз ҷумла зикр намуданд:

«Мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ–индустриалӣ ба индустриалӣ–аграрӣ амалӣ гардонида истодаем. Дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 то 17,3 фоиз афзоиш ёфт».

Бинобар ин, айни замон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятҳоро доир ба ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои навъи истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои корӣ, вусъат бахшида истодааст. Мавҷуд набудани баъзе намудҳои ашёи хом дар дохили кишвар барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ масъалаи ҳалталаб мебошад. Вобаста ба ин, дар назардошта шудааст, ки ашёи хоми барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ воридшаванда, ба истиснои ашёи хоми дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад ва тартиби татбиқи имтиёзҳо муайян шавад.

Тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ доир ба ташкили истеҳсолоти ивазкунандаи воридот имкон доданд, ки аҳолӣ аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ бо молҳои асосии хӯрокворӣ, асбобҳои рӯзгор ва масолеҳи сохтмон таъмин гардад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *