Рубрики
Асосӣ Мақола

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: САҲМИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РАВАНДИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ ҶАВОН

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзи таъсисёбӣ  таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди бунёдкориро пеш гирифта, барои ба кори хайру созандагӣ сафарбар намудани мардум фаъолияташро роҳандозӣ  намудааст, ки самараи он пешрафти иқтисоду сиёсат, иҷтимоиёт, фарҳангу варзиш, сулҳу суботи саросарӣ ва беҳдошти сатҳу зиндагии мардум мебошад.

Муҳимтарин самтҳои пешрафти мамлакат дар Барномаи он нишон дода шуда, моро ба роҳи рушди минбаъда ҳидоят менамоянд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизбе, ки беҳдошти рӯзгори мардум, созандагӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон бо такя ба нерӯҳои пешқадам ва тавонои ҷумҳурӣ пеш меравад.

Ҳамзамон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вазъи сиёсии ҳар як минтақаро давра ба давра мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода, барои муайян кардани фикру ақидаҳои аҳолӣ корҳои самарабахши омӯзишӣ гузаронида, баҳри расидан ба ҳадафи Олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум талош варзида истодааст.

Ҳамчун як тан ҷавони зодаи соҳибистиқлолии кишвар, бо итминони комил гуфта метавонам, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба самти тараққиёту пешравӣ, комёбиҳоии нав ба нав раҳнамоӣ намуда, сарзамини аҷдодиамонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ ва обрӯву нуфузашро балантар намуда истодааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти омода ва тарбияи кадрҳои ҷавон нақши босазо дорад. Зеро ҳар як нафар дар фаъолияти корӣ қадами нахустини худро маҳз дар айёми ҷавонӣ гузошта, роҳи ояндаи худро интихоб менамояд. Дар ин роҳ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда, боэътимод ва сармояи пойдори инсонӣ такя карда, дар ташаккул ва амалисозии иқдомҳои босазо ва ташаббусҳои навовар дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ ва ободиву пешрафти босуботи Ватани азизамон дастгирӣ намуда истодааст.   

Ҳар соҳа фаъолияти худро дар як самти муайян пеш мебарад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бошад, ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ ва сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатро дарбар мегирад. Нафаре, ки дар дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо фаъолият мебарад, ҷаҳонбинӣ, тафаккур ва донишу малакаи худро доир ба самти сиёсат, иҷтимоиёт, иқтисодиёт, саноат, фарҳангу варзиш такмил ва зиёд карда, рушду обутоб мёбад. Зеро Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳама самт фаъолият мекунад ва бо ҳама соҳа алоқаи зич дорад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷавононеро, ки донишу малака доранд, ба Ватану халқ содиқона хизмат мекунанд, ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешбарӣ намуда, ба сиёсати ҷавонон афзалият дода истодааст. Дар раванди тайёр намудани кадрҳои ҷавон аз мактаби бузурги давлатдории Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифода бурда, ҷавононро ҳамчун нерӯи воқеии роҳбарикунанда  омода ва муаррифӣ карда, саҳми онҳоро дар рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ таъмин намуда истодааст.

Дар ҳақиқат ташаббусу пешниҳод ва иқдомҳои наҷиби ҷавонон дар арсаи мақомотҳои баландпояи давлатӣ дастгирӣ ёфта истодаанд. Сол аз сол  махсусан ба омода ва ҷо ба ҷо намудани кадрҳои ҷавон таваҷҷуҳи хоса аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зоҳир гардида истодааст.

Ҷавонон дар навбати худ аз шароитҳои фароҳамовардашуда хуб истифода бурда, соҳиби касбу ҳунар, ихтисос ва маълумоти олӣ гардида, ҷиҳати татбиқи сиёсати оқилона ва созандаву бунёдкоронаи Пешвои маҳбуби хеш кӯшиш намуда, дар пайравӣ ба Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватани азизамон хизмат намуда, баҳри ободу зебо ва боз ҳам баланд бардоштани обрӯву нуфузи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ кӯшиш намуда истодаанд.

Меҳру муҳаббати ҷавонон ба Ватани азизамон аз хуни қадими қадимтарини аҷдодонамон маншаъ гирифта, дар роҳи пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди давлати пешрафтаву тараққикарда дар муттаҳидӣ ноил гашта дар оянда ба насли мардуми сарбаланди тоҷик давлати устувору комилро ба мерос мегузорем.

Акбарзода Маъруф – роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *