Рубрики
Uncategorized

Бобоҷон Ғафуров: Ситоди даъват

Субҳи имрӯз дар ҷамоати деҳоти Ёва бо кормандон ва фаъолони ҷамоат ситод оиди даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори  ситод раиси ҷамоати мазкур Қаҳҳорзода Далер ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Амирҷон Анварзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Инчунин дар ҷамъомади мазкур  масълаҳои мубрами рӯз ба монанди терроризм ва экстремизм, масъалаи зимистонгузаронӣ ва корҳои ташкилӣ ҷиҳати таҷлили ҷашни бузурги миллат 30-солагии Иҷлосияи тақдирсоз мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар охир раиси ҷамоат ба фаъолон дастуру супориш дод, ки дар корҳои ободонӣ фаъол буда, барои қабули меҳмонони Олиқадр омода бошанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *