Рубрики
Uncategorized

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Суманак – файзи баҳор аст

                  

   Ҳамасола дар тамоми гӯшаю канори кишвар ҷашни Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Хосатан дар маҳалла ҷашнгирии ин ид ба ҳукми анъана даромадааст. Боиси қайд аст, ки вобаста ба ин ҷашни ҳумоюнӣ ҳамасола дар маҳаллаҳо деги суманак гузошта мешаванд.Занон барои омода кардани ин таоми миллӣ аз субҳи барвақт омодагӣ мебинанд.

  Суманак ғизои ҷашнӣ ва муқаддас аст, ки танҳо ба Наврӯз алоқамандӣ дорад. Суманакпазӣ рамзу нишони қудсӣ дораду хоси фасли баҳор ва Иди сари сол аст.

  Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаю канори диёрамон модарону хоҳарон барои фаровонҳосилию бофайз омадани соли нав бо пухтани суманак машғуланд. Аз ҷумла дар маҳаллаи “Сангин Ҳоҷӣ”- ноҳияи Бобоҷон Ғафуров занон бо шукргузорӣ аз ҳаёти осоишта дар деги калон суманак мепазанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *