Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби созандаву бунёдкор ва ҳамқадами халқ аст. Бо дарки ин маънӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарҳи таъсиси ҳизберо роҳандозӣ кард, ки идеология ва кору пайкори он ба манфиати халқ ва ваҳдату суботи ҷомеа равона гардидааст.
Чи хеле ки ҳамагон огаҳ ҳастем, санаи 30 ноябр дар шаҳри Душанбе Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронӣ Раиси муаззами ҳизб таъкид намуданд, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии сокинони Тоҷикистон нақши муассир дошта, дар ташаккули фарҳанги сиёсӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум нақши сазовор мегузорад. Вазифаҳои асосии ҳизби мо дар марҳалаи нави рушди ҷомеа ва давлат дар барномаҳои пешазинтихоботии он, қарорҳои анҷуманҳои XIII ва IV, ки самтҳои муҳимтарини рушди мамлакатро то соли 2027 дар бар мегиранд, мушаххас гардидаанд.
Ба таъкиди Раиси ҳизб, рисолат ва мазмуну моҳияти барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу пешрафта ва аз лиҳози сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ босубот мебошад. Ишора шуд, ки кумитаҳои иҷроияи ҳизб якҷо бо сохторҳои ваколатдори соҳаҳои гуногун ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва зина ба зина беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиро дар маркази диққат қарор диҳанд, беҳтар гардонидани шароити оилаҳои серфарзанд, ҷудо намудани кумакҳои иловагӣ ба ятимону маъюбон ва дигар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа мусоидат намоянд.
Ба кумитаҳои иҷроияи ҳизб дастур дода шуд, ки вобаста ба масъалаҳои дохилиҳизбӣ, махсусан, татбиқи низомномаҳо, талаботи оинномаву барномаҳо, қабули сифатноки аъзои ҳизб, сари вақт баргузор намудани маҷлисҳои кумитаҳои иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоӣ, иштироки фаъолона дар маъракаҳои сиёсӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи ҳизбӣ ба тариқи озмун, риояи Одобномаи корманди ҳизб ва беҳбуд бахшидани шароити корӣ чораҷӯӣ намоянд.
Ҳамзамон, ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар маҳалҳо ва ташкилотҳои ибтидоӣ вазифадор гардиданд, ки корҳои таблиғотиву ташвиқотиро дар самти амалигардонии ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вусъат бахшида, мардуми кишварро барои истиқболи арзандаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сафарбар намоянд ва худашон дар ин самт ташаббускору фаъол бошанд.
Дар ҷамъбасти кори Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ҳар як узви ҳизб барои татбиқи вазифаҳои стратегии давлату Ҳукумат, такмил додани низоми қонунгузорӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, вусъат додани ғояҳои созандаи ватандӯстона ва тақвият бахшидани худшиносӣ ва худогоҳӣ саҳми босазои худро мегузоранд ва ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки узви Ҳизби Халқии Демократӣ будан ҳам ифтихору шараф ва ҳам масъулияти бузург дар назди халқу Ватан ва сарнавишти ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистони соҳибистиқлоли мост.
Ман ифтихор аз он мекунам, ки дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, иштирок намудам ва ҳамаи он дастуру супоришҳое, ки дар ин маҷлис аз тарафи Пешвои миллат супорида шуд, сармашқи кори худ дониста, минбаъд кушиш менамоям, дар фаъолияти кории худ аз ин мулоқотҳои судманд босамар истифода мебарам.
Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – Амирҷон Анварзода.