Рубрики
Асосӣ Мақола

Бобоҷон Ғафуров: Таассурот аз конфронс

АНДЕША: Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯзҳо мардуми шарафманди диёри азизамон, дар шароити тинҷу осуда ва фазои сулҳу субот умр ба сар мебаранд. Шукргузор аз он ҳастем, ки соҳиби Пешвои хирадманду оқил ва ҷасуру пурматонат ҳастем. Маҳз бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии Президенти кишвар мо дар чунин шароити олӣ зиндагӣ дорем. Имсол мардуми бошарафи кишвар ҷашни бузурги миллат 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамонро ботантана, бо дастовардҳои бузурги иқтисодиву ичтимоӣ таҷлил кард. Тӯли ин солҳо Тоҷикистон марҳилаи пурпечутоби таърихи навини худро аз сар гузаронид ва ба санҷишҳои зиёде рӯ ба рӯ шуд, ки сарвари хирадманди мо ҳамаи инро бо талошу заҳматҳояшон бартараф намуданд. Ҳамаи ин сулҳу осоиштагӣ, фазои ороми ҷомеа, рушди босуботи тамоми самтҳои хоҷагии халқ бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатамон аст.

Дар бораи саҳми Пешвои миллат дар рушди иқтисодӣ, пешрафти зиндагии мардум, мактаби сулҳпарваронаи Пешвои миллат, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, пешбурди соҳаҳои маориф ва фарҳанг соатҳои тӯлонӣ сухан рондан мумкин аст. Корнамоиҳои Президенти кишварро, ки ҷаҳониён ҳамчун пешвои сулҳофар эътироф намудаанд, мавриди омӯзиш қарор додан ва ба наслҳои оянда омӯзонидан имрӯз вазифаи шаҳрвандии ҳар як зиёии мамлакат ба шумор меравад.

Бо мақсади бузургдошт ва эҳтироми Президент ҳамасола санаи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент таҷлил карда мешавад. Бинобар ин бо ташаббуси КИ ҲХДТ санаи 14 ноябр, бахшида ба гиромидошти Рӯзи Президент, дар қасри овозадори Арбоб, конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Президент- кафили рушди иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” баргузор гардид. Дар он меҳмонони олиқадр аз Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагон аз КМ ҲХДТ, иштирокчиёни Иҷлосияи 16-ум, фаъолону собиқадорони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, устодону ҷонишҷуёни муассисаҳои олии ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Дар конференсия маърӯзаҳои пурмуҳтаво аз ҷониби иштирокчиён ироа гардид, ки аз ҷониби шунавандагон хуш пазируфта шуд. Инчунин намоиши қисми фарҳангӣ конференсияро боз ҳам шукӯҳу шаҳомати хоса бахшид.

Ман низ ифтихор аз он мекунам ва меболам, ки дар чунин конференсияи ҷолибу хотирмон иштирок намуда, шоҳиди сӯҳбату мулоқотҳои ҷолибу хотирмон гашта, барои худ як ҷаҳон маънӣ гирифтам. Минбаъд ман кушиш мекунам, дар оянда, дар фаъолияти кории худ аз ин мулоқотҳои судманд босамар истифода барам.

Негматҷонова Саёҳат – мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *