Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Таассурот аз ташрифи Олӣ

    Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯзҳо мардуми шарафманди диёри азизамон, дар шароити тинҷу осуда ва фазои сулҳу субот умр ба сар мебаранд. Шукргузор аз он ҳастем, ки соҳиби Пешвои хирадманду оқил ва ҷасуру пурматонат ҳастем. Маҳз бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии Президенти кишвар мо дар чунин шароити олӣ зиндагӣ дорем. Соли сипаришуда мардуми бошарафи кишвар ҷашни  бузурги миллат 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамонро ботантана, бо дастовардҳои бузурги иқтисодиву ичтимоӣ  таҷлил кард. Тӯли ин солҳо Тоҷикистон марҳилаи пурпечутоби таърихи навини худро аз сар гузаронид ва ба санҷишҳои зиёде рӯ ба рӯ шуд, ки сарвари хирадманди мо ҳамаи инро бо талошу заҳматҳояшон бартараф намуданд. Ҳамаи ин сулҳу осоиштагӣ, фазои ороми ҷомеа, рушди босуботи тамоми самтҳои хоҷагии халқ бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатамон аст.

     Дар бораи саҳми Пешвои миллат дар рушди иқтисодӣ, пешрафти зиндагии мардум, мактаби сулҳпарваронаи Пешвои миллат, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, пешбурди соҳаҳои маориф ва фарҳанг соатҳои тӯлонӣ сухан рондан мумкин аст. Корнамоиҳои Президенти кишварро, ки ҷаҳониён ҳамчун пешвои сулҳофар эътироф намудаанд, мавриди омӯзиш қарор додан ва ба  наслҳои оянда омӯзонидан имрӯз вазифаи шаҳрвандии ҳар як зиёии мамлакат ба шумор меравад.

Чи хеле ки  ба  ҳамагон маълум  санаҳои  9,10,11 ва  12  августи  соли  равон   Ҷаноби  Олӣ ба вилояти Суғд ташриф  оварданд. Бо хурсандии  зиёд қайд  менамоем,  ки  бо  ҳар  як  ташрифи  Пешвои  миллат  ноҳияи  овозадори  мо боз  ҳам  ободтару  зеботар мегардад.  Чандин  коргоҳу муассисаҳои  тиббию  таълимӣ ба истифода  дода  мешавад.

Ин  навбат  низ дар вилоят  якчанд  маркази  тиббӣ, беморхона, муассисаи  таълимӣ, корхонаҳои  саноатӣ, боғчаҳои  бачагона, биноҳои маъмурӣ,  бо  иштироки  Пешвои  миллат  ба  истифода  дода  шуд.

Ба истифода дода шудани бинои маъмурии кумитаҳои иҷроияи ХХДТ дар шахри Истаравшан ва Конибодом, ки бевосита бо ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон сохта ба истифода дода шуд, барои ҳар як аъзои ҲХДТ ҳамчун яке аз дастовардҳои хотирмон боқӣ хоҳад монд.

 Ман ифтихор аз он мекунам ва меболам, ки дар мулоқоти Пешвои  миллат ,  ки бо фаъолони  вилоят    санаи 12.08.2022  дар  шаҳри Гулистон  баргузор  гардид,  иштирок  намудам  ва   ҳамаи  он  дастуру  супоришҳое  ки дар ин  мулоқот  аз  тарафи  Пешвои  миллат  супорида  шуд,  сармашқи  кори  худ  дониста,  минбаъд  кушиш мекунам, дар фаъолияти кории худ аз ин мулоқотҳои судманд босамар истифода барам.

Раиси  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  Амирҷон Анварзода

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *