Рубрики
Асосӣ Мақола

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: ТАРБИЯИ ВАТАНПАРАСТӢ

    АНДЕША:Дар ҳама замон мавзӯи Ватан – Модар ва эҳтироми онҳо дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеа ва яке аз иқдомҳои баландтарин дар такомули шахсияти комил буду ҳаст. Бодарназардошти муҳимияти ин масъала дар суханрониҳояшон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки “…тарбияи ватанпарастӣ арзиши муқаддас буда, садоқатмандии шаҳрвандонро ба ватани хеш дар назар дорад ва танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад, дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободонии ватани худро таъмин созад”.

   Маҳз дар мактаб дар ҷараёни дарс дар ниҳоди ҷавонон сифатҳои воло – ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, ахлоқу одоби миллӣ, поквиҷдонӣ, эътиқоднокӣ ва дигар арзишҳо парвариш ва  инкишоф меёбад.

   Имрӯзҳо муассисаҳои таълимӣ бо ташкили чорабиниҳои гуногун,  ба роҳ мондани вохӯриву мулоқотҳо, маҳфилҳои ҷолиби ҳарбию варзишӣ, фарҳангию мубоҳисавӣ, аз қабили ташкили боздиди хонандагони синфҳои болоӣ аз қисмҳои низомӣ, ташкили маҳфилҳои “Ватанпарвар”,  ”Муҳофизи Ватан”,  ”Ҳомии Ватан” ва боз тадбирҳои дигар барои ташаккули тарбияи ҳарбӣ – ватанпарварии насли ҷавон метавонад, заминаи муҳим гузорад. Умедворем, ки ҳар як ҷавонмарди кишвари азизамон, хизмат ба ватанро қарзи ҷавонмардии худ ҳисобида, барои халқу ватани худ хизматҳои шиста мекунад.

Негматҷонова С – мудири  шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *