Рубрики
Асосӣ Мақола

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: ТАРБИЯ АЗ ОИЛА ИБТИДО МЕГИРАД

  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” вақте ба амал бароварда шуд, ки ҷомеаи Тоҷикистон ба он ниёз дошт. Ин қонун падару модаронро водор кард, ки дар тарбияи фарзандашон бомасъулият бошанд ва саҳлангорӣ накунанд.

   Дар яке аз баромадҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки: “Мо бояд як чизро аниқ дарк намоем, ки дар тарбияи инсон пеш аз ҳама ва беш аз ҳама оила нақш мегузорад ва ҷараёни ташаккули ҳамаи хислатҳои неку бади инсон дар оила ибтидо мегирад.Бо дарки ин масъала падару модарон бояд масъулияти бузургро, ки вобаста ба тарбияи фарзандон ба дӯши онҳо меафтад, пурра эҳсос кунанд.”

   Дар ҳақиқат, ташаккули ҳар ҷомеа аз оилаи солим ибтидо мегирад. Оилае, ки муносибати хуб ва ҳамдигарфаҳмиву баробарӣ дорад, метавонад насли солиму накӯро тарбият намояд.Асоси устувории ҷомеаро маҳз оила ташкил медиҳад ва таълиму тарбияи кӯдакону наврасон ва ҳатто ҷавонон аз вазифаҳои муҳими падарону модарон ба ҳисоб меравад. Ҷомеаи имрӯзаи мо тақозо мекунад, ки волидайн фарзанди худро хуб ба воя расонанд ва дар таълиму тарбия заминаи хуб гузоранд. Ҳар як падару модар вазифадор аст, ки барои фарзандаш шароити созгор муҳайё кунад, то насли ӯ дар оянда чун шахси баркамолу дидадаро ва ватандӯсту хештаншинос ба воя расад.

    Падару модарон бояд тарбияро аз овони кӯдакӣ оғоз кунанд.Аз ин рӯ, волидонро лозим аст, ки ба тарбияи солими фарзандон ҷиддитар машғул шаванд.Дар Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар дар таълиму тарбияи фарзанд” омадааст, ки волидайн бояд “ барои саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзанди худ ғамхорӣ намоянд. Падару модаронро зарур аст, ки бо мақсади ба даст овардани муваффақият дар самти тарбия тамоми роҳҳоро    ҷустуҷӯ намуда,ҳамкории зичро бо мактабу муаллимон ба роҳ монда, алоқаи доимӣ дошта бошанд, зеро вақт тезгузар аст. Дар андак вақт кӯдаки масъум ба шахси баркамол табдил меёбад, яъне волидон фарзандонро тавре тарбия намоянд, ки машғулияти дӯстдоштаи онҳо мутолиаи китобҳо ва худомӯзӣ, ҷазби ғизои маънавӣ бошанд”.

    Волидон бояд кӯшиш намоянд, ки фарзандонашон соҳибилму соҳибмаърифат шуда ба воя расанд, зеро дониш ва маърифат калидест, ки бо он тамоми дарҳо кушода мешаванд.

    Фарзандон қуввати дилу рӯшноии чашми падару модарон ҳастанд ва онҳо фардои миллатанд. Дар ин хусус Абдураҳмони Ҷомӣ низ хуб фармудааст:

             Меваи ширинтар аз фарзанд набвад дар ҷаҳон,

            То тавонӣ ин самар бо рангу бӯи хуш расон.

Солиева М – мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон 

                       Ғафуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *