Рубрики
Асосӣ Мақола

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ – НАҶОТБАХШИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР ҶАҲОН

(Бахшида ба эълони ” Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”)

 Боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар як сокини шарафманди кишвар аст, ки имрӯз миллати тоҷик баъди ҳазор сол соҳиби давлати соҳибистиқлоли худ бо ном Тоҷикистон гардид. Бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тавонистем  бори дигар собит созем, ки миллати тоҷик, миллати тамаддунофар, сулҳпарвар аст ва метавонад мустақилона давлати худро ба сӯйи ояндаи дурахшон барад. Новобаста аз вазъи сиёсии ҷаҳон имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои кишвар пешравиҳои назаррас дида мешавад. Пешвои муаззами миллат, натанҳо ғами мардуми худ, балки ғами мардуми сайёраро фикр мекунад. Ҳар як пешниҳоди Роҳбари давлати мо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо дастаҷамъӣ қабул гардида истодааст.

         Мо  мардуми сарбаланди Тоҷикистон бояд ифтихор аз он дошта бошем, ки сарзамини биҳиштосои мо аз об бой аст. Об ин гавҳари қимматбаҳо ва манъбаи ҳамаи ободиҳост. Афзоишу рушду нумӯъ ва пояндагии ҳаёти инсон ва тамоми мавҷудоти рӯи замин аз об вобастагии калон дорад. Бинобар ин  тоза нигоҳ доштани об ва самаранок истифода бурдани он вазифаи ҳар як шахси соҳибақл ба ҳисоб меравад.

        Бо шарофати Пешвои муаззами миллат тинҷию амонӣ ва ободию сарсабзӣ дар ватанамон пойдор буда, аз соли 2000 инҷониб панҷ ташаббуси Роҳбари давлати мо дар соҳаи об аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ  ёфта ва Ҷумхурии Тоҷикистон ҳамчун Ҷумҳурии ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст.

      Панҷумин ташаббуси Пешвои муаззами миллат 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмааи Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи об якдилона аз тарафи 153 давлати ҷаҳон ҷонибдори гардид ва қатънома қабул карда шуд. Тибқи ин қатънома аввалан соли 2025 ҳамчун ” Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон гардид ва минбаъд аз оғози соли 2025 ҳар сол рӯзи 21 март ҳамчун ” Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” таҷлил мегардад.

          Ин рӯйдодҳои муҳими  сатҳи байналмиллалӣ  ҳар яки моро водор месозад, ки аз пештара Ватани худро дӯст дорем.

          Таъғирёбии иқлим ба ҳаёти сокинони Замин бевосита аз ҳолати иқлим вобастагии зиёд дорад. Таъғирёбии иқлим таҳдиди бузургтарин ба организмҳои зинда, аз ҷумла одамон мебошад, ки инсоният ба он рӯбарӯ шуда истодааст.

Ин ободию сарсабзии Ватани азизамон барои мо чун биҳишти рӯи замин аст. Табиати нотакрори диёрамон ва таърихи гаронбаҳои гузаштаи мо бо роҳбарии Президенти маҳбубамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қалби ҳар яки мо меҳри ватану ватандориро кошта, бори дигар имконият фароҳам меорад, ки ин давлати баъди ҳазор сол ба даст омадаро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва барои пешравии он дучанд меҳнат намоем.

Негматҷонова С – масъули КИ ҲХДТ  дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *