Рубрики
Uncategorized

Бобоҷон Ғафуров: Таъсиси ташкилоти ибтидоӣ

                

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки рисолати аслиаш бо мардум будан аст ва ҳамчун ҳизби пешоҳанг такя ба халқ дораду саропо мардумӣ мебошад, имрӯзҳо ҷонибдорони худро рӯз аз рӯз зиёд намуда истодааст. Дар муассисаи  “Маркази муборизаи аҳолӣ аз бемориҳои сили ноҳия” бо иштироки корманди масъули кумиҷроия Убайдуллоева Д. якчанд нафар шахсони арзанда, ки Оиннома ва Барномаи ҳизбро эътироф намудаанд  ба сафи ҳизб қабул намуда, боз як ташкилоти ибтидоии нав таъсис дода шуд. Раиси ташкилоти ибтидоӣ Мадаминова Р. интихоб гардид, ки аз иштирокдорон барои боварӣ ба ин вазифа изҳори сипос намуд ва ваъда дод, ки  фаъолияти худро зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” ба роҳ мемонад. Дар охир дар вазъияти тантанавӣ ба якчанд нафар аъзоёни тозаинтихоб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *