Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ

 Мувофиқи нақшаи кории моҳонаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бо мақсади расонидани ёрии методӣ ва амалӣ санаи 5.04.2022 масъулини кумитаи иҷроия Б.Муллоева ва Д.Убайдуллоева аз ташкилотҳои ибтидоии минтақаи шаҳраки Ғафуров дидан намуданд.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки ташкилотҳои ибтидоӣ дорои утоқи ҳизбӣ буда, мувофиқи талабот ороиш дода шудаанд, аммо дар самти ҳуҷҷатгузорӣ беҳбудиро тақозо дорад. Гарчанде ҷаласаҳои ҳизбӣ сари вақт гузаронида шавад, ҳам маводҳои тасдиқкунандаи он пешниҳод карда нашудааст. Ҳамчунин муҳосиби кумиҷроия Муллоева Б. низ ҳолати воқеъии пардохти ҳаққи узвияти аъзоёни ҲХДТ-ро дида баромада, таҳлил намуд, ки ҳаққи аъзогӣ сари вақт пардохта шудааст, вале дар шаҳодатномаҳои ҳизбӣ мунтазам қайд нашудааст.

Баҳри бартараф намудани норасоиҳои ҷойдошта ба раисони ташкилотҳои ибтидоӣ маслиҳатҳои муфид ва вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *