Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Таҷлили Рӯзи дониш дар дабистонҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Субҳи якуми сентябри соли 2022  саҳни ҳамаи мактабҳо ва макотибҳои олӣ ид дошт. Бале толибилмон ва  донишҷӯён барои оғози соли нави таҳсили 2022-2023 ва истиқбол аз Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ сарҷамъ омадаанд.  Кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд низ номаи табрикотии Раиси ҲХДТ дар вилояти Суғдро ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба самъи иштирокчиён расониданд.

Дар таҷлили Рӯзи дониш дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар маҳаллаи “Даштак” муовини Раиси КИҲХДТ дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ иштирок намуда табрикоти Раиси ҲХДТ дар вилояти Суғдро ба самъи ҳозирин расонид. Баъди шунидани табрикот ва ҷамъбасти чорабинӣ меҳмонон ва хонандагон дар толори муассиса суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи дониш тамошо карданд.  Рӯзи дониш ва тамошои дастаҷамъонаи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар маҳаллаи “Чинор” низ баргузор гардид.  Ҳамчунин дар МТМУ №10-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Рӯзи дониш ва дарси сулҳ бо тантана таҷлил гардид. Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Анвар Амирзода толибилмон омузгоронро бо “Рузи дониш” муборакбод намуда ба онҳо барои донишандузӣ муваффақият таманно намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *