Рубрики
Uncategorized

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Фарзанди арзандаи давру замон бояд буд

Дар асоси нақша чорабинии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ташкилоти ибтидоии маҳаллаи “Поён” бо хонандагони синфҳои болоӣ мулоқот доир гардид.Мудири шуъбаи занон,роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо ҷавонон бобати баланд бардоштани ҳисси ватанпарастӣ, пешгирӣ аз амалҳои номатлуб, интихоби дурусти касб, солимии ҷомеа, омодагиҳо ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ суҳбат намуда, зикр карданд,ки бояд ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар, аз ҷумла , ҷавонон ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашаванд.Ҷавобан ба ғамхориҳои давлату ҳукумат ва Сарвари кишвар ,ки нисбати ҷавонон мекунанд, бо баҳои хубу аъло таҳсил карда, дар оянда ба Ватани хеш содиқона хизмат намоянд ва фарзанди арзандаи давру замон бошанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *