АНДЕША: Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯз кишвари азизи мо бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат , Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як давлати соҳибихтиёру соҳибтамаддун дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст.
Ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон дар Ватани биҳиштосои мо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқ кору фаъолият карда, дар пешрафту ободии меҳан саҳм мегузоранд. Дар масоили давлатсозиву давлатдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ на бояд ба умеди касеву чизе шуд, зеро аз лиҳози маънавию сиёсӣ касе бештар аз худи миллати тоҷик манфиатдор нест, ки хонаи умеди мо – Тоҷикистонро обод кунад ва бузургтарин манфиати миллӣ-истиқлолияти давлатиамонро ҳифз намояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриҳояшон бо ҷавонон пайваста таъкид менамоянд, ки “Бо мақсади эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таҳдиду хатарҳои замони муосир ҷавонони мамлакатро зарур аст, ки донишҳои сиёсиашонро пайваста мукаммал гардонанд, аз таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза мунтазам огоҳ ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ, ба хизмати Модар-Ватан доим омода бошанд”.
Боиси ифтихор аст, ки бо сиёсати хирадмандонаи Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар қисмҳои ҳарбӣ шароити хуб фароҳам оварда шудааст ва пайваста тариқи ВАО аз шароиту рӯзгори сарбозон барномаҳо намоиш дода мешавад.
Мо волидон ва омӯзгоронро зарур аст, ки дар замири наврасон ва ҷавонон ҳисси баланди меҳанпарастӣ ва хештаншиносиро тарбия намоем, зеро дар ин самт тарбияи оила, мактаб ва ҷомеа нақши муҳим мебозанд. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист. Лозим ба ёдоварист, ки ҳифзи марзу буми Ватан на он борест, ки ба дӯши дигарон гузорем. Ин масъулиятест, ки аз ҳар яки мо соҳибватанон, хоса ҷавонони бо нангу номус тақозо мекунад. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: “Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.”
Ба хизмати Ватан- Модар омода будан, ба қадри неъмате чун истиқлолияту ваҳдати миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри пойдории сулҳу субот дар кишвари маҳбубамон мебошад.
Ҳар сол мувофиқи нақша дар мавсимҳои баҳору тирамоҳ маъракаи муҳими даъватӣ доир мегардад, ки тантанаи он ҳамаи қаламрави ҷумҳуриро фаро мегирад. Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.
Чунонки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ гуфтаанд: «…ба ҷавонони бонангу номус ва худшиносу ватандӯст, соҳибкорони ҳимматбаланд ва ҳар фарди бонангу номуси миллат муроҷиат карда, мехоҳам, бори дигар таъкид намоям, ки ба мардуми шарифи тоҷик ва Ватани маҳбубамон Тоҷикистони соҳибихтиёр, инчунин ба хотири ободии сарзамини аҷдодиамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат бо дасту дилу нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона хизмат кардан вазифаи фарзандӣ ва қарзи имониву инсонии ҳар яки мо ва мақсаду мароми ягонаи мост!».
З-ин сабаб бо боварӣ гуфта метавонем, ки фарзандони шарафманди миллати тоҷик дар ҳама давру замон муҳофизати Ватанро қарзи шаҳрвандии худ ҳисобида, аз худ беҳтарин намунаҳои шуҷоату қаҳрамонӣ нишон медиҳанд. Пас, биёед ҳамагон ин Ватанро аз дилу ҷон дӯст дорему барояш софдилона хизмат намоем.
Зинда бод, Тоҷикистони озоди мо!
Аъзои фаъоли ҳизб дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров