Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ШАРАФИ ҶАВОНМАРДИСТ!

  Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯзҳо ҷавонони Тоҷикистон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ  бо ихтиёри худ дохил шуда,  аз мактаби бузурги ҳаёт, ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоат мегузаранд.

Мусаллам аст, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи Ватан  барои ҳар як ҷавон мактаби бузурги ҳаёт, ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоат ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо, ки вазъи сиёсии минтақаву ҷаҳон бисёр мураккаб аст ва инро аксари ҷавонони тоҷик амиқ дарк намуда, ба хизмати ҳарбӣ ба таври ихтиёрӣ, бо дарки масъулияти фарзандӣ ва ватандӯстӣ баҳри иҷрои вазифаҳои конститутсионию ҷавонмардӣ ҳозир мешаванд.

Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад.

Хизмати Ватан – Модар вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби мардонагӣ ба шумор рафта, онҳо маҳз дар ин ҷо далеру шуҷоъ тарбия меёбанд ва ба халқу Ватан содиқона хизмат менамоянд. Дар самти ҷалби ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола тадбирҳои нав роҳандозӣ ва татбиқ мешаванд.

Аз ин рӯ аз ҷавонони синни даъватӣ даъват ба амал меоварем, ки баҳри ҳифзи марзу буми Тоҷикистони азиз ва арзишҳои миллӣ  дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати софдилонаву содиқонаро ба ҷо оранд ва нагузоранд, ки душманону бадхоҳони миллати тоҷик, ҳатто фикри соҳиб шудан ба як қатра обу хок ва як ваҷаб замини Тоҷикистони азизамонро кунанд.Зеро Ватан барои ҳар яки мо азизу муқаддас  аст ва гиромӣ доштани меҳри Ватан барои ҳар як шахси ватандӯст ҳам қарзу ҳам фарз аст.

Масъули КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *