Рубрики
Асосӣ Мақола

Бобоҷон Ғафуров: Худшиносӣ – омили пешгирии ифротгароӣ

Дар  шароити  имрӯза  зуҳури   ифротгароӣ  ба  мушкилиҳои  алоҳида  ва  аҳли  башар  табдил  ёфтааст.  Ин мушкилот  тамоми  аҳли  башарро  ба  таҳлука  ва  ташвиши зиёде  овардааст. Аз  ин  рӯ  пешгирӣ  аз  ифротгароӣ  ва  тундгароӣ  яке  аз  ҳадафҳои  муҳим дар шароити  имрӯза  ба ҳисоб меравад.

Ҳолати гаравиши  бархе  аз  ҷавонони   кишвар  ба ифротгароию тундгароӣ моро  ба  он  водор  месозад,  ки ба тарбияи  насли  оянда  диққати  махсус  диҳем. Дар  ин самт тарбия ва  тақвияти  ҷавононро  нисбат  ба  худшиносию  худогоҳӣ  бисёртар  намоем. 

Аввалан  худшиносию  худогоҳии ҷавонон  онҳоро  зираку  ҳушёр  мекунад  ва  имкон  намедиҳад,  ки  ҳар  гуна созмону  гурӯҳҳои  бадхоҳ   онҳоро  ба  доми  худ  кашад. Ҷавонони  худогоҳ  ва  худшинос  нақшаҳои махсуси  худро доранд  ва ба ҳар  гуна  нақшаҳои  дигарон  пайваст  намешаванд.  Мегӯянд, ки  ҳар  шахсе,  ки  дар зиндагӣ  нақшаю  мароми худро  надорад,  дер  ё  зуд   асири   нақшаи дигарон  мегардад. Бинобар  ин бояд  ҷавонони мо  тарбияи  худшиносию  худогоҳӣ дошта бошанду,  самти  зиндагиашонро бо нақшаҳои  худ  муайян  кунанд,  то  ки  асири   дасти  дигарон  ё  нисфи  нақшаи  бадхоҳон,  махсусан  ифротгарону  хоинони  Ватан  нагарданд.

Нафари  худшинос дар  ягон ҳолат амали  ноҷо,  ифротӣ ва  хоинӣ намекунад. Ӯ  аз  натиҷа  ва  пайомади  ҳар амале,  ки  анҷом  медиҳад,  огоҳ  аст ва  пой  ба  ягон  амали  ноҷо ё  кори  бад  намегузорад.  Шахси  худшинос сиёҳу  сафед,  савобу  гуноҳ  ва  осудагиву  парешониро  аз  ҳамдигар  ҷудо карда  метавонад.

Дар  шароити  имрӯза  моро  зарур  аст,  ки  ҳар  чӣ бештар ба  тарбияту тақвияти   худшиносӣ  ва  худогоҳии насли  наврас  аҳамияти  ҷиддӣ  диҳем.  Моро зарур аст,  ки насли  ояндаро  бо донишҳои  зарурии   муосир  шинос  намуда, тавонбиниии  онҳоро  тавре ба роҳ монем, ки дар  оянда  ҳадафу нақшаҳои  шахсии  худро  амалӣ  карда  тавонанд. Донишу  захираҳои  илмии  худро баҳри  созандагӣ ва  ободии  кишвар истифода  карда бошанд. Ҳамчунин  худшиносиву  худогоҳӣ  яке  аз  кафолатҳои  пешгирии   шомилшавии  ҷавонон ба ҳар  гуна  ҳизбу ҳаракатҳо мебошад.

Негматҷонова С – масъули  КИ ҲХДТ дар  ноҳияи  Бобоҷон  Ғафуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *