Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Ҳифзи Ватан вазифаи имониву ҷонии мост

Таъмини фазои орому осудаи Ватан ва амнияти ҷомеа аз муҳимтарин вазифаҳои давлат маҳсуб гардида, вобаста ба он таълиму тарбия ва руҳану ҷисман омода намудани ҷавонони синни даъватӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ беш аз пеш аҳамияти муҳим пайдо менамояд.

Намояндагони миллати соҳибҳунар ва тамаддунофари мо дар тӯли таърих ҳамеша дӯстдори Ватан буданду онро бо баҳои ҷонашон ҳифз намуда, то ба мо оварда расонидаанд.Ҳангоми калимаи Ватанро ба забон овардан инсонро ҳиссиёти аҷибе фарогир мешавад. Ҳифзи Ватан вазифаи имониву ҷонии ҳар яки мо буда, ин меҳани муқаддасро бояд беш аз ҳарвақта дӯст дорему муҳофизат намоем.Мо бояд аз қаҳрамонони фидоии халқамон , ба монанди Спитамен,Темурмалик ва Восеъ дарси ибрат гирем, ки ҳеҷ гоҳ сари худро пеши аҷнабиён хам нанамуда, то охирин нафас баҳри ҳимояи зодгоҳи хеш талош намуданд.

Оиди ин мавзӯъ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ба монанди пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ,ҷалб намудан ба китобхонӣ, ҳунару ҳунаромӯзӣ намояндагони кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №58 бо хонандагони синфҳои болоӣ мулоқот доир намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *