Рубрики
Uncategorized

Бобоҷон Ғафуров: Ҳифзи Ватан вазифаи ҷонии мост

       Ҳифзи Ватан вазифаи имониву ҷонии ҳар яки мо буда,ин меҳани азизро бояд ҳар як ҷавони боору номус беш аз беш дӯст дораду муҳофизат намояд. Зеро намояндагони миллати соҳибҳунар ва тамаддунофари мо дар тӯли таърих ҳамеша дӯстдори Ватан буданду онро бо баҳои ҷонашон ҳифз намуда, то ба мо оварда расонидаанд.

      Мо бояд аз қаҳрамонони фидоии халқамон, ба монанди Спитамен, Темурмалик ва Восеъ дарси ибрат гирем, ки ҳеҷ гоҳ сари худро пеши аҷнабиён хам намуда, то охирин нафас баҳри ҳимояи зодгоҳи хеш талош намуданд.

      Оиди ин мавзӯъ мудири шуъбаи занони кумитаи иҷроияи вилоятӣ Манонова З. ва намояндаи кумитаи иҷроияи  ноҳиявӣ Солиева М. бо ҷавонони синну соли даъватӣ дар ташкилоти ибтидоии маҳаллаи Хоҷагулистон  мулоқот доир намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *