(БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ РӮЗИ БАРОВАРДАНИ ҚӮШУНҲОИ СОБИҚ ИТТИҲОДИ ШӮРАВӢ АЗ ХОКИ АФҒОНИСТОН)
Ба ифтихори санаи муҳими таърихӣ – Рӯзи баровардани Қӯшунҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон , ки соли равон 35-солагии онро ҷашн мегирем, имрӯзҳо дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати дар хонандагон бедор намудани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ чорабиниҳои тантанавӣ баргузор гардида истодааст.
Дар ташкилоти ибтидоии маҳаллаи “Фрунзе” таҳти унвони “Ҳомиёни Ватан!” баргузор гардид, ки он ба 35- солагии баровардани Қӯшунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз марзи Афғонистон бахшида шуд.
Дар чорабинӣ хонандагони синфҳои болоӣ барномаи фарҳангӣ ва адабӣ намоиш доданд, ки хеле таъсирбахш буд.
Ҳамчунин, дар ҳамин рӯз хонандагон ба аёдати қабри шаҳидони ҷанги Афғонистон рафта, дар назди мақбараи шаҳидон гулчанбарҳо гузоштанд.