Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Ҷавонон зиддӣ терроризм

Дар шароити имрӯза масъалаи тарбияи ҷавонон дар руҳияи пос доштани таъриху фарҳанг ва арзишҳои ахлоқиву маънавии миллӣ диққати ҷиддиро талаб мекунад. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки баъзе падару модарон ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии фарзандон бетарафӣ зоҳир менамоянд. Гузашта аз ин ба поймолкунии ҳуқуқ ва озодиҳои ҷавондухтарон дар таъминоти таҳсилоти баробар роҳ медиҳанд. Чунин муносибат сабаб гардидааст, ки иддае аз ҷавонон аз таҳсилу касбомӯзӣ дур монда, ба амалҳои ношоиста даст мезананд.

Кам аҳамият додан ба масъалаҳо боис шудааст, ки иддае аз ҷавонони сустирода ва аз ҷиҳати сиёсӣ ноустувор бо иллати бекорӣ ва бешуғлӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил мешаванд. Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисодии миллии мамлакат, инчунин, дар сафҳои қувваҳои мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррасе мегузоранд.

Ҷавонон дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои Тоҷикистон зарур мебошад. Ягона роҳе, ки ҷавонон ва миллатро пеш мебарад, ин дониши хуби онҳост. Яке аз беҳтарин муқаддасоте, ки инсонро ба дунёи рангин ворид месозад, ин китоб аст. Китоб, ин сарчашмаи донишу хирад аст, метавонад, ҳама касро ба пешравиҳо ноил гардонад. Дар ҷомеа, ки китобу китобхон набошад, онҷо мисли хонаест, ки чароғ надорад. Аслан дар ҳама кишварҳои ҷаҳон нақши асосиро ҷавонон мебозанд, аз ин рӯ ояндаи ҳар халқу миллат ҷавонон ба ҳисоб мераванд. Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ сиёсати давлатии ҷавононҳамчун воситаи муосири танзими ҳаёти ҷавонон ва пешрафти ҷомеа бояд дар самти бартараф намудани монеаву масъалаҳои ҷойдоштанақши ҳалкунанда дошта бошанд. Терроризм ва экстремизм яке аз масъалаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавоноро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғу дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамояд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, ичтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра мавзӯи пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав равона шудааст, ки яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Дар замони муосир сафи гурӯҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳои дунё ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми роҳбаронаш қурбон мекунанд. Ба назар чунин мерасад, ки ноогоҳӣ ва камсаваодӣ муҳимтарин омили гумроҳшавии ҷавонон аст. З-ин сабаб ҷавононро мебояд, ки зиракию ҳушёрии худро аз даст надода, ҳамеша аз паи омӯзиш ва таҳсили илм бошанд.

Убайдуллоева Д-мудири бахши омори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *