Дар Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров ҷамъбасти даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони ”Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ”, баргузор гардид. Дар ин озмун 21 нафар ғолибони даври аввал аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд. Тибқи Низомномаи озмун иштирокчиён доир ба моҳияти таърихӣ ва ватандӯстии китоби “Тоҷикон “ баромад намуданд. Ба ҳар як иштирокчӣ аз тарафи ҳакамон саволҳо пешниҳод карда шуда, инчунин номзади илмҳои таърих, профессор, директори Осорхонаи Ҷумҳуриявӣ академик Бобоҷон Ғафуров Холҷӯраев Ҳабибулло барои иштирок дар давраи озумуни вилоятӣ ба иштирокчиён маслиҳатҳои муфид доданд. Дар охир ҳайати ҳакамон ба хонандаи синфи 11-и мактаби хонандагони болаёқат Қодирова Меҳрафрӯз ҷойи аввалро доданд ва байни хонандагони синфи 10-ум ғолибият насиби хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 18 Валиева Мухлиса гардид. Дар фарҷом ба иштирокчиёни озмун аз тарафи кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Рубрики