Рубрики
Uncategorized

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ

      Дар ТИ маҳаллаи “Чинор” маҷлиси ҷамъбастӣ баргузор гардид. Маҷлисро раиси ташкилоти мазкур – Самадов Муродҷон бо суханони ифтитоҳӣ оғоз намуда, аҳли толорро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуд.

     Дар ибтидо раиси ташкилот Самадов Муродҷон, ҷиҳати тарғибу ташвиқи  Паёми Пешвои миллат, ки санаи 21-декабри соли 2021 дар Маҷлиси Олӣ ироа гардид, баромад намуда,  қайд кард, ки Паёми Пешвои миллат роҳи минбаъдаи моро ба сӯи фардо муайян намуда, назди ҳар як фарди солимфикр, шахси ватандӯсту меҳанпарвар вазифаю масъулияти навинро вогузор намуд. Яке аз нуқтаҳои асосии Паём ин буд, ки дар тӯли 30-соли истиқлолияти давлатӣ дар кишвар 3240 муассисаи нави таълимӣ сохта шуда, мавриди истифода қарор дода шуд.

      Сипас, аз рӯи рӯзномаи маҷлис, ҳамаи масъалаҳо баррасӣ гардида, бо назардошти ворид намудани таклифу иловаҳо қарори ҷаласа кабул гардид.

         Бо ҳамин Самадов Муродҷон – раиси ташкилоти ибтидоии маҳаллаи “Чинор” ба маҷлис ҳусни анҷом бахшида, ҳозиринро ба корҳояшон муваффақияту бурдбориҳо таманно намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *