Рубрики
Асосӣ

БОЗДИДИ ГУРӮҲИ КОРИИ ДАСТГОҲИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ МАРКАЗИИ ҲХДТ АЗ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД

Дар доираи сафари корӣ кормандони Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ба вилояти Суғд субҳи имрӯз таҳти роҳбари дастгоҳи кумиҷроияи Марказии ҲХДТ Абдураҳмон Хонзода аз фаъолияти кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дидан намуданд. Зимни шиносоӣ аз раванди ҳуҷҷатгузорӣ ва тартиби ҳаракати аъзо баҳои баланд дода шуд. Гуфта шуд, ки маҳз ба хотири баланд бардоштани масъулияти ҳизбӣ аксияи “Шаҳодатномаи ман – ифтихори ман” бо иқдоми Кумиҷроияи Марказии ҲХДТ роҳандозӣ карда шуд. Гурӯҳи корӣ ҳамзамон аз татбиқи нақша – чорабиниҳои кумиҷроия дар давраи ҳисоботӣ, фаъолияти шуъбаҳои кор бо занон ва ҷавонон, гуруҳи кибердружина ва аз ҳолати пояи моддиву техникии кумиҷроия дидан карданд. Тавсия дода шуд, ки сарпарастоне, ки ба ташкилотҳи ибтидоӣ вогузор шудаанд, бештар ҳамчун вазифаи роҳнаиоиро иҷро намоянд, то онҳо масъулияти ҳизбиро беҳтару бештар эҳсос намоянд. Ҳамзамон ба хотири боз ҳам наздик шудан ба халқ чорабиниҳо бевоситаи дар маҳаллаҳо гузаронида шавад ва дар ин ҷода фаъолияти кумиҷроия хуб баҳогузорӣ шуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар барои дастури созандаи гурӯҳи корӣ изҳори сипос намуда, онҳоро бовар кунонид, ки минбаъд низ фаъолият дучанд беҳтар хоҳад шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *