Рубрики
Uncategorized

Спитамен:БОЗДИД АЗ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ “ИСТГОҲИ СПИТАМЕН” ВА “ФАРҲАНГ” ДАР НОҲИЯИ СПИТАМЕН

      Санаи 30 июни соли 2021 гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Абдураҳмон Хонзода ва кормандони Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ аз фазои кории ташкилоти ибтидоии “Истгоҳи Спитамен» оид ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои ташкилоти ҳизбӣ ва тамоми ҳуҷҷатгузории  ташкилоти ибтидоӣ мутобиқ ба талаботҳои Оиннома, Низомнома ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии вобаста ба фаъолияти ҳизб боздид аз ташкилоти мазкур дар амал қарор дода шуд.   Дар ташкилоти ибтидоии “Истгоҳи Спитамен”   36 нафар кормандон кору  фаъолият дошта, 30 нафар кормандон аъзои ҳизб мебошанд. Раиси ташкилоти ибтидоӣ Юсупов Абдулғанӣ Қувватович ва шахси масъули ташкилоти ибтидоӣ Мирзомуродов Фаррух Мирзомуродович  яке аз фаъолтарин ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  ба ҳисоб рафта, дар робита бо кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен  ҳамкории  зич доранд. Ташкилоти мазкур  дар корҳои ҷамиятӣ  ва маъракаҳои сиёсӣ фаъол мебошад. Аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба масъулини ташкилоти ибтидоии “Истгоҳи Спитамен” оид ба фаъолияти ташкилоти мазкур баҳри боз ҳам ҷоннок намудани фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ маслиҳатҳои муфид дода шуд. Суратгузориш аз ҷараёни боздид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *