Рубрики
Last News

Боздид аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ

          Дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе рӯзи бозид аз  ташкилотҳои ибтидоӣ эълон шудааст.

          Имрӯз гурӯҳи корӣ бо сарварии муовини раиси Кумиҷроия Парвина Тошева аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҷамоатҳои деҳоти Саразм ва Чинор, беморхонаи минтақавии Саразм,  маркази дандонпизишкӣ, ҶДММ  “Шавкат- Авитсена” боздид намуда, бо роҳандозии корҳои тарғиботӣ, ороиши ҳуҷраҳои ҳизбӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар онҳо шинос шуда, барои тибқи оинномаи ҳизбӣ ва дастурамалҳо ба роҳ мондани фаъолият ба масъулони кори ҳизбӣ    маслиҳат доданд ва ёрии амалӣ расониданд.

          Ҳангоми боздид  фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии беморхонаи минтақавии Саразм  намунавӣ арзёбӣ шуда, таҷрибаи он дар дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мавриди омӯзиш қарор дода мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *