Вақте ки модар фарзанд ба дунё меорад пешгўй карда наметавонад ки фарзанди у дар оянда ки мешвад. Духтур ё муаллим, Ватансоз ватансўз. Хоин ё олим. Вале ҳеҷ ватан ҳам мисли як модар намедонад, ки фарзанде, ки дар домани куҳсораш ба воя мерасад аз ҳавояш нафас мекашад, обашро мисли шири модар нуши ҷон мекунад, дар хокаш нон мехураду нон мегирад, рўзе ба ин обу ҳавову хоку модару ватан хиёнат мекунад. Ва фарзанди домангираш гиребогир мешавад.
Ин суханҳо тааллуқ дорад ба як фарзанди нохалафи куҳистон Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, ки пеши чашмашро хашму хусумату кинаву адоват гирифта, ба назараш на модару на хоҳар на духтару на ҳамсар намоён мешуд. Агар дар рагу хунаш ватанхоҳоию ватандорӣ, қадри шири модару ватанаш мебуд ба ин кирдорҳо даст намезад. Ин ватанфуруши хоин хост чоҳе биканад, барои мардуми орому осуда. Дар натиҷа ба чоҳи кандааш худааш афтод. Ин корҳои кардаи ин ватанфуруш кўҳ шуду ба сари худаш фуру рехт.
Агар ин нохалаф заррае номуси мардию инсонӣ медошт, дар ироъаи ғараз ва манфиатхоҳии худ ҳаргиз нооромии зан модари тоҷикро халалдор намекард. Афсус, ки чашми ғаразбин доимо оҷиз аст.
Ҳодисаи дар шаҳри Хоруғ рух дода, бори дигар чашми моро ба воқеияте кушод, ки эътирофи он бисёр дарднок аст. Ин ҳам бошад дарк ва эҳсоси таҳдид ба амният ва субботу осудагии мо занону модарон. Зеро амният ва субботу осудагӣ агар барои ҳама қиммат бошад, барои занон аз ҳама қимматар аст. Чунки дар он арзише нуҳуфтааст, ки онро ба ягон моли дунё чен карда намешавад. Дар ин арзиш хушбахтии оилавӣ, бахти фарзандон, тинҷию оромии наздикон ва болотар аз ҳама шукуфоӣ ва пойдории давлатдорист, ки ҳастии мо бо ҳастияш пайваст аст. Аз ин рў, даъвати ман аз ҳама занону модарон хусусан бонувони вилояти мухтори куҳистони Бадахшон ҳамин аст, ки алорағми чунин бадхоҳиҳо, номардиҳо ва нооромиҳо биёед аз пештара дида атрофи ҳамин сиёсату ҳамин Сарвар ончунон қавӣ муттаҳид гардем, ки кассе натавонад хушбахтии моро халадор созад.
Муовини раиси шаҳри Исфара Бобоиён Мадина