Рубрики
Last News

Бо донишҷӯён дар бораи шарофати Истиқлоли Ватан

         Истиқлоли Ватан чӣ шарофат дорад, дар даврони Истиқлол Тоҷикистон ба чӣ мувафақиятҳо ноил шуд, Пешвои миллат- меъмори Истиқлол. Ин мавзӯъҳое буданд, ки дар мулоқоти гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо донишҷӯёни коллеҷи тибии шаҳр матраҳ шуд.

         Раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб Ҳамида Холова, мудирони шӯъбаҳои Кумитаи иҷроия Мавлуда Тоҷиева, Мастона Муродзода ва Қобилҷон Ҷалолов дар бораи моҳияти Истиқлол, роҳи душвори ба ин неъмати миллӣ расидан, нақши бузург ва носутудании Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои Истиқлоли Тоҷикистон, саҳм ва вазифаҳои ҷавонон дар рушди ҷомеа сухан карда,  аз вазифаҳое ёд намуданд, ки  дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ назди ҷавонон гузошта шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *