Рубрики
Last News

БО ЗАҲМАТИ СОДИҚОНАВУ АҲЛОНА МЕҲАНАМОНРО ОБОД НАМОЕМ

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд фаъолияти яксолонаи худро бо ширкати аъзои Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибуллоҳ, Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, аъзоёни кумиҷроияи шаҳрӣ, раисони ташикилотҳои ибтидоӣ, собиқадорон ва аъзои фаъоли ҳизб натиҷагирӣ намуд.Ҳозирин пас аз тасдиқи рӯзномаи кори ҷаласа, ҳайати котибот, регламентӣ корӣ ба муҳокимаи масъалаҳои дар ҷаласа зикршуда пардохтанд.Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар оид ба фаъолияти ҳизӣиёни шаҳр дар соли сипаришуда ҳисобот дод. Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 1 ҳазору 120 нафар шахсони арзанда ба сафи ҳизб қабул шуданд. Айни замон шумораи ҳизбиён дар миқёси шаҳри Хуҷанд ба 18 ҳазору 657 нафар расидааст ва аз ин шумора 11 ҳазору 712 нафарро занон ва 7 ҳазору 970 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии аъзоён 8 ҳазору 944 нафар дорои маълумоти олӣ буда, 2 ҳазору 871 нафарро маълумоти миёнаи махсус ташкил медиҳанд. Даҳ ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ таъсис ёфта, бинобар сабаби фаъолият накардани баъзе аз корхонаҳо фаъолияти 4 ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ муваққатан боз дошта шуд. Айни замон ҳизбиёни шаҳри Хуҷанд дар 5 кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва 240 адад ташкилотҳои ибтидоӣ сарҷамъ шудаанд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки аъзошавӣ ба сафи ҳизб асосан аз ҳисоби кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳанг бештар ба роҳ монда шуда, танҳо дар як моҳи охири соли гузашта зиёда аз 400 нафар маорифчиён ба сафи ҳизб пайвастанд. Сафи аъзоёни ҳизб дар донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷҳо ва литсейҳои касбии шаҳр аз 50 фоиз то 88 фоизро дарбар мегирад. Мавсуф дар идомаи ироаи ҳисобот оид ба ҳаракати аъзо ва муқоисакунии он, вазъи молиявии ҳизб, раванди баргузории интихобот, мубориза ҷиҳати пешгирии бемории Ковид -19, нақш ва мақоми занону ҷавонон дар пешрафти ҳаёти ҳизбӣ, фаъолияти вакилон, муроҷиати шаҳрвандон, дастгирии қишрҳои осебпазири ҷомеа ва омодагиҳо ба 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуд.Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии “Пахтакор”,№ 5 Азимҷон Иброҳимзода, муовини сардухтури беморхонаи рақами 1 Саодат Аминҷонова зимни музокира аз корҳои анҷомдодаи фаъолияти вакилӣ ва нақши пизишкон дар раванди пешгирӣ ва мубориза бо бемории сироятии Ковид -19 ҳарф заданд.Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар баромад аз нақши ҳизбиён дар баргузории маъракаҳои муҳими сиёсӣ, раванди ободкориву созандагӣ дар шаҳри Хуҷанд, дастгирии шахсони имконияташон маҳдуд сухан ронда, баён дошт, ки дар самти баланд бардоштани ифтихории милли наврасону ҷавонон ва дар ин замина роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмӣ ва гирифтани пеши роҳи шомилшаввии ин қишри ҷомеа ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ бояд ҳизбиён аз ҳар вақта дида фаъолтар бошанд.Дар баромади Исмоилзода Зуфар Муртазохон баён шуд, ки ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Хуҷанд мисли соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу иҷтимоиёт бояд ба фаъолияти ҳизбӣ таваҷҷуҳи бештар дошта бошанд. Номбурда дар идомаи суханронӣ нуктаҳои Паёми Сарвари давлатро ба риштаи таҳлил кашида, зикр сохт: “Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ бо халқ будану таъмини зиндагии шоистаро рисолати ҳар як роҳбар дониста, баён доштанд, ки авлоду аҷдоди мо ободкору созанда буданд ва мо инро ба мерос гирифта ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем. Воқеан ҳам дастоварду пешравиҳо маҳсули заҳмати софдилонаи халқи азизи Тоҷикистон буда, моро водор месозанд, ки дар ояндаи наздик низ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ фаъолият кунем ва барои ҳар як сокини мамлакат зиндагии шоиставу шароити беҳтарро муҳайё намоем”.Дар идомаи кори ҷаласа маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” натиҷагирӣ шуда, нақшаҳои минбаъда тасдиқ шуданд. Ҳамзамон ба ҳайати аъзои кумиҷроия тағйирот ворид карда шуд.Дар фарҷоми ҷаласа ба фаъолони ҳизб дар вазъияти тантанавӣ Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии кумиҷроияи вилоятӣ ва шаҳрии ҳизб тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *