Рубрики
Last News

БО МЕҲНАТИ СУБОТКОРОНА ВА ҶАҲДИ КОМИЛ ПАЙИ ОБОДИИ ДИЁР

Санаи 18 феврали соли 2021 сафари кории раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд  Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба ноҳияи Зафаробод сурат гирифт.

Бояд зикр намуд , ки сани 21 феврали соли 2021 дар ҳавзаи интихоботии “Пахтакор №50” оид ба интихоботи вакил ба Маҷлиси вакилони халқи вилояӣти Суғд интихобот баргузор гардида дар ин самт омодагиҳо тибқи муқаррароти қонунгузорӣ хуб ҷараён дорад.

Исмоизода Зуфар Муртазохон аз 21 участкаҳои интихоботӣ, ки ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти Зафаробод, Ҳамид Алиев  фарогир мебошанд дидан намуда, ба фаъолияти  комиссия ва аъзоёни участкавӣ баҳои баланд ва ҷиҳати вусъати кор дастурҳои мушаххас дод.

         Зимни боздид аз ташкилотҳои Ҷамоати деҳоти Равшан   раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд  Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо варзишгарони тими футболи “Равшан” мулоқот намуда, аз ҷараёни машқу тармими онҳо шинос гардид. Маврид ба зикр аст , ки тими футболи “Равшан ”  дар лигаи якуми футболи мамлакат бозӣ карда дар мавсими гузашта ҷои ифтихориро соҳиб   гардидааст,  Зимни сӯҳбат бо варзишгарон  Исмоилзода Зуфар Муртазохон дастовардҳои варзишии ин тими овозадорро шоиста арзёби намуда, барои фаъолияти минбаъда бурдбориҳо таманно намуд. Қайд карда шуд, ки рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар меҳвари асосии сиёсати Пешвои миллат Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта,  ин самти фаъолият ҳамеша мавриди дастгирӣ қарор хоҳад гирифт. Варзишгарон миннатдории худро барои таваҷҷӯҳ баён намуда, ноил гардидан ба дастоварҳои навбатиро ваъда доданд.

         ҶДММ “Ҷаҳида” ба парвариши бузҳои алпинӣ машғул буда,  фаъолияти худро дар самти истеҳсоли шир ва корарли он аз қабили панирҳои гуногуни буз, ки манфиати бештари ғизонокию парҳезӣ дорад, ба роҳ мондааст.

         ҶДММ “Ҷаҳида” аз ҷониби шаҳрванди Австралия Ҷефри Диллон ва соҳибкори ватанӣ Ғоибназаров  Назар таъсис дода шуда, имрӯз  зиёда аз 200 сар бузро  парвариш менамоянд.

         Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд  Исмоилзода Зуфар Муртазохон аз фаъолияти ҷамъияти мазкур дидан намуда, ба ташаббускорӣ ва самаранокии фаъолият баҳои шоиста дод. Зикр намуд, ки иқдоме қи Ҷефри Диллон ба роҳ мондааст, бевосита сазовори баҳои арзандаи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидааст, ки зимни сафар ба ин ҷамъият соли 2019 анҷом додаанд. Ҳамчунин Исмоилзода З.М. қайд намуданд, фаъолияти назарраси ҶДММ “Ҷаҳида-ро метавон мактаби таҷрибавие  барои кишоварзону соҳибкорони минтақа арзёбӣ намуд.  

          Давоми боздид аз ноҳия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд  Исмоилзода Зуфар Муртазохон аз муассисаҳои таълимии №5 ва №15-и Ҷамоати шаҳраки Ҳамид Алиев дидан намуда, дар машғулиятҳо иштирок ва бо устодон суҳбатҳои судманд анҷом доданд.

         МДТ ЛКТСК (Муассисаи давлатии таълимии литсейи касбии техникии саноати кишоварзӣ)-и ноҳия барои тайёр намудани касбҳои гуногуни коргарӣ  саҳми босазо гузошта, дар ин боргоҳи ҳунаромӯзӣ ҷавонони зиёде аз ноҳияҳои атроф таҳсил мекунанд ва аз рӯи 10 ихтисос ҳунар меомӯзанд.

           Исмоилзода Зуфар Муртазохон- аз ин боргоҳи ҳунаромӯзӣ дидан намуда, бо устодону донишҷуёни ин маскани ҳунаромӯзӣ суҳбат орост. Номбурда баён дошт, ки мутахассисони миёнаи касбӣ дар рушди хоҷагии халқ  аҳамияти бузург дошта, пешрафти истеҳсолот аз фаъолияти онҳо вобастагии амиқ дорад. Таваҷҷуҳи хоссаи Сарвари давлат ҷиҳати беҳдошти вазъи таълиму тарбия, тақвияти пойгоҳҳои моддиву техникӣ, ба сарпарастӣ гирифтани муассисаҳои таълимӣ дар ояндаи наздик имкон медиҳад, ки соҳа рушд кунад. Ин нукта дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат равшан зоҳир шудааст. Бо таманиёти нек дар роҳи таълим ва касбомӯзӣ раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии  ҲХДТ    Исмоилзода Зуфар Муртазохон  ба ҷомеа меҳнатӣ ва донишҷуён барори кор таманно намуд.

         Мулоқоту вохӯриҳои раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд  Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо сокинон  судманд хотирмон анҷом пазируфт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *