Рубрики
Uncategorized

БУЗУРГДОШТИ ШОҲНОМАИ МУСИҚИИ МИЛЛӢ

          Бале, “Шашмақом”чун бузургтарин осори мусиқии миллӣ , дар таърихи фарҳанги тоҷикон нақши Шоҳномаро мебозад.

          Аз ин ҷост, ки бо фармони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар саросари мамлакат 12 май чун Рӯзи “Шашмақом” таҷлил карда мешавад.

          Ба ин муносибат дар Кохи Лоиқи шаҳри Панҷакент гурӯҳи ҳунарии  “Навои Зарафшон”-и шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба дӯстдорони мусиқии классикӣ дастагуле аз сурудҳои безаволи “Шашмақом”-ро  пешкаш намуд.

         Воқеан, дӯстдорону ҳаводорон ва иҷрокунандагони  “Шашмақом” дар ин шаҳри бостонӣ зиёданд ва  сурудҳои он дар байни мардум маҳбубияти зиёд дорад.

          Дар фарҷоми барномаи идона раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода санъаткорон ва ҳаводорони мусиқии классикиро бо Рӯзи “Шашмақом” табрик гуфта, ба ҳунармандони дастаи  “Навои Зарафшон” сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияро тақдим намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *