Рубрики
Мақола

БУЗУРГИВУ ТАВОНОӢ, ТУ ЭЙ ЗАН!

Инак, боз ба сарзамини биҳиштталъати мо баҳори нозанин қадамҳои худро гузоштаву дар нахустмоҳи гул ба домону гул ба сари он ҷашни фархундаву фирӯз – Рӯзи Модар таҷлил мегардад. Маҳз дар фасли шукуфтанҳову рустанҳо, фасли умеду неки инсоният, баҳори нозанин ин ҷашни пур аз латофату назокат ва мубаррову муҷалло – Рӯзи Модар ҳамчун ҷашни нафосату зебоӣ ҳамасола қайд карда мешавад. Зеро занро бе баҳор ва баҳорро бе зан тасаввур кардан ногузир аст ва Зан – Модар ҳақ дорад, ки зеботарин рӯзи сол аз ӯ бошад. Аз ин хусус, ки ибтидои ҳастии башарият ва эҳёгари нияту ормонҳои фараҳбахш ӯст…

ВОЖАИ ЗАН ДАР ЛУҒАТҲО

Зан дар луғатҳо ба маънии “зиндагӣ” ва “зояндагӣ” аст. Ин вожа дар муқобили вожаи “мард” ба маънои зоиш ва зоидан, ки дар забони паҳлавӣ ба сурати zan (ҷан) wanariq, дар забони суғдӣ waeth, дар забони форсии бостон wadu ё wad, дар забони авестоӣ vantay ва дар забони санскриптӣ ба шакли vadhu, дар забони   ҳиндии қадим ҷон (jaan) ва дар англисии бостон wifman (вифмен) ба маънои инсони мода (дар баробари верман ба маънои инсони нар) ба кор рафтааст. Инчунин, қадимтарин корбурди ҳаммаънои (синоним) зан, яъне бону дар яке аз сангнавиштаҳои тахти Ҷамшед ба тилло ба сурати Банука (Ba-nu-ka) аст, ки духтари Куруш, ҳамсари Дорувиш ва модари Худоёршоҳ будааст. Дар порсии миёна ва портӣ ба шакли “бону” дида мешавад. Чандин бор дар катибаи Шопури аввал дар каъбаи Зардушт, дар унвони занони дарбор ва ба унвони лақаби ноҳид (яздонбонуи нигаҳбони об – Аноҳита) омадааст.    

ТАЪРИХЧАИ ПАЙДОИШИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОН

Занони корхонаи бофандагӣ дар шаҳри Ню-Йорки Амрико соли 1987 хостори зиёд намудани музди меҳнат ва кам кардани соати кор шуданд. Онҳо дар муқобили полис нотарсона истодагарӣ карданд. Аксарият дастгир ва кушта шуданд. Баъдан, соли 1908 узви ҳизби демократи Олмон Клара Сеткин дар дар шаҳри Ню-Йорк бо иштироки 15 ҳазор нафар зан гирдиҳамоӣ ташкил намуд. Соли 1909 Клара Сеткин дар Конфронси дувуми байналмилалӣ аз ҳуқуқу озодиҳои занон суханронӣ карда, мақсади ин пешниҳодро аз муборизаи занон барои озодиҳои хеш арзёбӣ намуд.

Ҳамин тариқ, соли 1911 нахустин бор дар Олмон, Австралия, Дания, Швейтсария 19 март Рӯзи байналмилалии занон ҷашн гирифта шуд. Бо ибтикори Клара Сеткин 8 марти соли 1914 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид соли 1975 ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии зан ба расмият шинохта шуд.

ЗАН ДАР ТАЪРИХИ НИЁГОН ЧӢ ГУНА БАҲО ДОРАД?

Чӣ тавре ки аз сарчашмаҳо бармеояд, дар таърихи бостонии тоҷику форс занон мақоми арҷмандеро доро буда, дар тамоми паҳлуҳои ҳаёт бо мардон баробар будаанд. Дар аҳди қадим дар сарзамини мо ҳаққи зан ва мард дар хонавода яксон будааст. Замони сосониён, ки дини зардуштӣ аҳамияти аввалияи худро ёфт, хостори баробари комили зан ва мард буд. Дар “Авесто”, китоби динии зардуштиён, ҳама ҷо номи зан бо мард дар як радиф зикр шудааст. Миёни портҳо шароити ҳуқуқи занон ба таври куллӣ фарқ мекард. Онҳо аз омӯзиш баҳраманд мешуданд ва метавонистанд мусиқӣ, рақс, омодагии ҷисмонӣ, варзишҳои по ва маҳорати низомӣ, монанди тирандозӣ, дискпартоӣ ва ғайраро фарогир бошанд. Занон дар он сарзамин аспсаворӣ ҳам мекарданд. Портиён бовар доштанд, ки танҳо занони мустаҳкам ва нерӯманд метавонанд фарзандони нерӯманд ба дунё оварда, тарбия кунанд.

Аз таърих метавон ҳикоятҳои фаровонеро овард, ки иқтидори хусусии занон ва манзалати онон дар амириву шоҳӣ вуҷуд дорад. Аз ҷониби Бӯрондухт, духтари Парвиз, дар Исфаҳон тоҷи шоҳӣ ба сар ниҳода шуд. Динаг, ки модари Ҳурмузи савум Парвиз аст, низ дар Исфаҳон салтанат меронд. Хотуни Бухоро 15 сол ҳукмронӣ намудааст. Ҳамчунин, занони ҷангҷӯ баҳри дифои хонавода ва сарзаминашон паҳлавонона набард менамуданд. Арзи ҳастӣ намудани чунин чеҳраҳои таърихӣ боис гардид, то фарҳангу ҷомеаи он рӯзгори арҷманд мақоми занро дар таърихи фарҳанги мо сабт кунад.

НАҚШИ ЗАН ДАР АДАБИЁТ

Бозтобии чеҳраи зан ҳамчун ҷаҳонбинии мавқеи иҷтимоӣ-сиёсӣ ва фарҳангӣ дар осору афкори абармардон ва донишмандони тоҷику форс аз ҷониби “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Маснавии Маънавӣ”-и Мавлонои Балхӣ, ашъори Саноӣ, Саъдӣ ва тамоми шоирону намояндагони дигари ин миллат дарҷ ёфтааст. Фирдавсӣ дар асари безаволаш, ҳар гоҳе, ки аз зан сухан меовард, васфи саршор аз эҳтиром ва таҳсинро низ бо он ҳамроҳ намудааст. Нигоҳи муҳтарамонаи Фирдавсӣ ба меҳрубонии зан, ки ҷуфти некшинос аст, баралло дида мешавад. Ин образҳои неки занон дар оғози достони “Шоҳнома” ба назар мерасанд. Ӯ ҳамсари Рустам Таҳминаро “хирадманд” ва “покдоман” мешиносад. Ва ё ин ки Фарангис аз забони Пирон чунин муаррифӣ шудааст:

Ҳунарҳову дониш зи андоза беш,

Хирадро парастор дода ба пеш.

Аммо Синдухт ҳушмандтарин шахсияти “Шоҳнома” маҳсуб ёфтааст. Зане, ки на танҳо дар мақоми модар ва ҳамсар, балки дар равобити иҷтимоӣ-сиёсӣ низ муваффақ будааст.

ЁДЕ АЗ КОРНОМАҲОИ ЗАНОНИ ПЕШИН

Симои ҷовидонаю корнамоиҳову қаҳрамониҳои занон аз қабили Бонуи Зобулистон, Хуршедабону, Сакинабону, Фитна, Гулнор ва даҳҳо дигарон мояи ифтихор мебошад. Бахусус, дар “Искандарномаи кабир”-и Манучеҳри Хаким Хуршедабону як тан аз занони озоду соҳибтадбир шинохта шудааст, ки барои бақои меҳру муҳаббати самимонаи худ мубориза мебарад. Хуршедабонуи шоҳдухтар дар роҳи вораста намудани маҳбуб ҷомаи айёрона ба бар мегирад. Шигифтангезии нақши Хуршедабону дар истодагарӣ, самимияту эътиқодмандӣ ва ба ҷону дил дар роҳи озод намудани маҳбуб ангуштшумор аст. Нақши ӯ дар радифи симоҳои ҷавонмардзанони адабиёти паҳлавиву ҷавонмардӣ: Рӯзафзуну Сурхвард, Мардондухту Моҳпарӣ (аз “Самаки айёр”), Маҷлисафрӯзи Самарқандӣ, Бибии Ситтии Ҳиравӣ, Сайидаи Ҳиротӣ, Ҷамила, Рӯҳафзо (аз “Абӯмуслимнома”), Айнулҳаёт, Гулнӯш, Гуландом, Шафоалмулк, Гулбӯй, Ҷаҳонафрӯз, Лайлӣ (аз “Доробнома”) қарор дорад. Дигар ин ки симои Хуршедабону дар корнамоиҳои Гурдофариду Манижа, Рӯзафзуну Сурхвард, Қайдову дигарон мебошад.

Чӣ тавре ки соҳибназарон иброз намудаанд, давоми чандин ҳазорсолаи миллатамон занону модарони оқил, баномус ва соҳибхирад дар паҳлӯи мардони корзори сарбаландиҳо ва фатҳу кушоишҳо будаанд ва барои озодиву истиқлолияти сарзамини аҷдодӣ далерона талошу мубориза кардаанд.

Таърихнигорон овардаанд, ки Малика Томирис дар набард лашкари подшоҳи ҳахоманишиниён Куруши Кабирро шикаст дода, Ватанашро муҳофизат кардааст. Гурдофариди нотарсу далер барои ҳифзи номусу ватандорӣ дар корзор бо Сӯҳроби диловар аспсавор шамшерзанӣ намудааст. Шаҳбонуи панҷакентӣ Анаҳита, яъне Нанай, ки ҳамсари Деваштичи ҷасур буд, баъди сари Деваштич муборизаву исёни вайро идома дода, алайҳи ғосибон ва таҷовузгарон мубориза бурда, дар тадбиру чорагарӣ ҳамто надоштааст.

Дар майдони ҳунару истеъдод, меҳнату фидокориҳо занон низ нақши муассир гузоштаанд. Ҳанӯз замони ҷанги дуюми ҷаҳон занону бонувони тоҷикистонӣ дар қатори дигар бонувони фидокори Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам дар ақибгоҳ ва ҳам дар муҳорибаҳо барои ба даст овардани ғалаба фидокориҳои бемонанд нишон додаанд.

Метавон номи бонуи конибодомӣ Шаҳрӣ Ҳайдароваро ба забон овард, ки яке аз аввалин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз байни занони тоҷик буда, ба ҳайси лейтенанти хурди тиббӣ ба садҳо захмиёни майдони муҳорибаҳои он ҷанги хонумонсӯз ҷону дармон бахшидааст. Ҳамзамон, даҳҳо нафар бонувони ҳунарвару меҳнатқарин дар рушду нумӯи Ватан хизмати арзандаву шоиста кардаанд, ки то кунун номи некашон вирди забонҳост.

Замони пуртазоди асри бистро низ бояд ёдрас кард, ки модарону занони тоҷик дар мушкилтарин лаҳзаҳо худро аз раванди умумии зиндагӣ дар канор нагирифта, дар паҳлӯи мардон қарор доштанд. Дар муборизаҳои шадид барои озодии шахс, маҳви бесаводӣ, аз байн бурдани унсурҳои зиёновари зиндагии куҳан, поягузорӣ ва баланд бардоштани иқтидори мамлакат занон фаъолона ширкат намуданд, ки ҳаргиз аз ёду хотираҳо фаромӯш нахоҳад гашт. Онҳо барои бунёди ҷомеаи навин қатори мардон диловариҳо нишон додаанд ва ҳатто даҳҳо нафар ҷони худро қурбон кардаанд.

Солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон низ бонувони кишвар бо меҳнати шабонарӯзии худ дар ақибгоҳ, бо матонату мардонагии хеш дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ба ғалаба дилгарм кардани ҷанговарон корнамоиҳои бемисл нишон додаанд. Аз ин ҷост, ки номҳои Ойгул Муҳаммадҷоноваи лочин, София Ниёзоваи табиб, Тӯҳфа Фозиловаи ҳунарманд, Розия Озоди шоир ва даҳҳо модарону хоҳарони тоҷик дар таърихи Тоҷикистон солҳо абадан сабт гардидаанд.

Таърихи миллати мо фаромӯш намекунад, ки соли душвори 1943 занону духтарони баору номуси тоҷик бо белу каланд ҳамроҳи пирамардону кӯдакони наврас 700 ҳазор тонна ғалла рӯёндаанд. Ин шуҷоату мардонагии занон ҳоло ҳам касро ба ҳайрат мегузорад.

Баъд аз ҷанг низ пешорӯи занони тоҷик мушкилоти зиёд қарор дошт. Онҳо ба ҷойи худ ва азизони ба ҷанграфтаву барнагаштаашон заҳмат кашида, дар бунёди хоҷагии халқи харобгашта фаъолона ширкат варзидаанд. Садҳо Қаҳрамонони меҳнати сотсиалистӣ аз шумули занон баҳри рушди хоҷагии халқи кишвар бо меҳнати фидокорона ном бароварда, бори дигар собит сохтанд, ки зани тоҷик зани номвар ва меҳнатқарин аст.

Чӣ тавре ки аз таърихи адабиёт ба мо маълум аст, маҳз модари тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ – султони суханро ба дунё овард ва шеъри оламгири ӯро ҳамроҳ бо хамосаи мардонагии Фирдавсӣ, осори безаволу наҷотбахши Ибни Сино, ашъори пуршӯр, пур аз ишқу муҳаббат ва панду андарзи Хайём, Ҳофиз, Саъдӣ, Ҷомӣ ва дигар фарзандони худро бо забони ширину гуворои тоҷикӣ ва нармию покии тоҷикона барои наслҳо хонд, аз боду борон ва газанди рӯзгор ҳифз карда, барои наслҳои оянда, аз ҷумла мову шумо ҳамчун мероси падар ба ворисонаш расонд.

ЗАНОН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Бояд гуфт, ки аввали солҳои навадум таърих барои занони тоҷик дар қатори кулли мардуми Тоҷикистон сабақи талх дод. Занону модарони кишвар дар айёми пурошӯб ва пурфоҷиаи ҷанги таҳмилии гражданӣ азобу машаққати ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд. Чӣ тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш борҳо қайд кардаанд, “бисту панҷ ҳазор занон аз шавҳарони хеш маҳрум шуданд, панҷоҳу панҷ ҳазор тифлон ятим монданд. Бори гарон ва андӯҳи ҷудоии даҳҳо ҳазор қурбониёни ҷанг, пеш аз ҳама, ба дӯши нозуки занону модарон афтид, вале занону модарони мо ҳамаи ин талафоту маҳрумиятро бо сабру хиради азалӣ таҳаммул карданд ва барои сулҳ, оромӣ ва суботи ҷомеа баробари мардон мубориза бурданд”.

Муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Мадина Салимзода мегӯяд, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки зодаи замони соҳибистиқлоли кишвар аст, имрӯзҳо дар сафи худ ҳазорон ҳазор занону бонувони фаъолро гирд овардааст. Дар ин замони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо, ки ҳар лаҳза душманони дохиливу хориҷӣ сӯи кишвари амну ором ва шукуфои мо санги тӯҳмату бӯҳтон ва иғвобарангезона  меафкананд, хоҳарону модарони тоҷик миёни қишри ҷомеа пайваста корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ бурда, сиёсати хирадмандонаи кишварро ба мардум мерасонанд. Мардумро ба сӯи ваҳдату ҳамбастагӣ, дӯст доштани обу хоки сарзамин ва ҳифзу ҳифозати он даъват мекунанд. Дар ин радиф метавон номи занони барӯманди вилоят Гулафзо Савриддинова, Шуҷоат Ҳасанова, Мавҷуда Бобоева, Мавлуда Саидова, Назира Ғаффорӣ, Ҳамрохон Атаева, Мукаррама Бузрукова, Матлуба Мӯинова, Ӯғулой Умаралиева, Нодира Мирзозода, Фотима Рофиева, Мунаввара Кенҷаева ва даҳҳо нафарони дигарро ба забон овард.

– Шукри сулҳу Истиқлолияти кишвар, ки дар замони кунунӣ иштироки занҳо дар ҳама ҷабҳаҳои зиндагӣ эҳсос карда мешавад, – мегӯяд Хоҷазода Хуршедахон Усмон, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилояти Суғд ва андешаҳои хешро чунин иброз кард:

 – Занони тоҷик баробари шинохти мақому манзалати хеш дар соҳоти мухталифи давлат фаъолият мебаранд. Бояд қайд намуд, он кишвар ва ё ҷомеа, ки арзишу мақоми ин қишри ҷомеаро эҳтирому пос медорад, ҳамон ҷомеа аз маданияту фарҳанги баланде бархурдор аст. Имрӯзҳо занони кишвар ҳуқуқи ширкат дар ҳама сохторҳои давлатиро соҳибанд ва албатта, кам нестанд, теъдоди занони сиёсатмадор, ки дар умури давлатӣ, ба монанди Озодаи Раҳмон, Хайринисо Юсуфӣ, Сатториён Матлубахон Амонзода, Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода, Нигора Ғаффорзода, Зайнура Азимӣ ва даҳҳо нафари дигар. Ва бубинед сафи намояндагии занон дар мақомоти қудратию давлатии Тоҷикистон рӯз аз рӯз афзун гардида истодааст, ки ин шаҳодати хуб будани мақоми эшон мебошад. Ин нуктаро дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид намуданд. Новобаста аз ин, занон дар ҷомеаи кунунӣ соҳибҳуқуқу соҳибраъйанд.

 – Як силсила фармонҳову қарорҳои роҳбарияти Тоҷикистон, инчунин нақшаву барномаҳои давлатӣ дар хусуси баланд бардоштани мақом ва нақши зан, таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробарии мардону занон ва умуман оид ба масъалаҳои занон бароварда шудаанд. Хуб, тибқи иттилои ба даст омада аз рӯи нишондоди  ҷалби занону духтарон ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ Тоҷикистон дар байни ҳамаи ҷамоҳири собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҷои аввалро ишғол мекунад. Албатта, ин воқеият аст, пас хушо ба ҳоли занони мо!, – афзуд Хуршедахон Хоҷазода ва кулли бонувони вилоятро бо Рӯзи Модар табрик гуфта, тамоми хушиҳои зиндагиро барояшон таманно кард.

Моҳира РАҲИМЗОДА,

“Сухани халқ”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *