Рубрики
Асосӣ

БУСТОН: Дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ

14 -июн дар толори маҷлисгоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон дарси  навбатии мактаби захираи кадрҳо бахшида ба 25-солагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ таҳти унвони “Дастовардҳои даврони сохибистиқлолӣ” бо иштироки  Сармуҳаррири нашрияи Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Суғд “Ҳақиқати Суғд” Аминҷон  Шарифзода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Точикистон дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар Саид   баргузор гардид.

Дар оғоз  Раиси Кумитаи иҷроияи Хизби Халқии Демократии Точикистон дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар Саид  изҳор дошт,ки аз оғози соҳибистиқлолии давлатамон талошу пайкори мардуми мо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи бунёди давлатдории миллӣ ва таҳкими пояҳои истиқлолият, таъмини ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон, дарки ягонагии сарнавишти таърихӣ ва ҳифзи асолати милливу фарҳангиамон равона гардидааст.

Сипас  ба шунавандагон

Сармуҳаррири нашрияи Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Суғд “Ҳақиқати Суғд” Аминҷон Шарифзода доир ба самараи ваҳдати миллӣ ва тарғиби пайвастаи ғояҳои он  маърузаи  пурмуҳтаво намуда зикр дошт, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба марҳалаи рушди устувор ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид.Раҳоӣ бахшидани кишвар аз буҳрони шадиди иқтисодӣ, гузоштани заминаи устувор барои таъмини рушди иқтисодӣ, бунёди зерсохторҳои энергетикӣ ва коммуникатсионӣ, аз ҷумла роҳу нақбҳо, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, рушди бомароми саноату кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ, бунёди даҳҳо ҳазор гектар боғу токзор аз ҷумлаи дастовардҳои назарраси ин марҳала мебошанд.

Зикр гардид,ки сохтмон ва таъмиру таҷдиди ҳазорҳо мактабу кӯдакистон ва муассисаҳои тиббӣ, қомат афрохтани даҳҳо кохи фарҳангу китобхонаву варзишгоҳ ва умуман, дигаргун гардидани симои шаҳру ноҳияҳо ва шароити зисти сокинони онҳоро имрӯз ҳар фарди огоҳи кишвар чун ойина дар пешорӯи худ мебинад.Зимни баромади хеш Сармухаррири нашрияи Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Суғд “Ҳақиқати Суғд” Аминҷон   Шарифзода зикр намуд,ки

Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Он арзишест, ки миллати моро аз ҳалокат нигоҳ дошт, ба сӯи ояндаи дурахшон раҳнамун сохт, рукнҳои давлатдорӣ ва низоми ҳуқуқиро дар мамлакат истеҳком бахшид. Танҳо баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ризоияти миллӣ имкон фароҳам омад, ки дар мамлакат ислоҳоти фарогир дар аксари бахшҳо ба роҳ монда шавад. Сатҳи таълиму тарбия ва камолоти насли наврас бо истифода аз низомҳои муосири таълимӣ сифати нав касб кард. Зеро ба хубӣ эҳсос шуд, ки ҳар қадар насли ҷавон маърифатноку босавод шавад, ҳамон қадар пояи ваҳдат, сулҳу салоҳ, якдилию якдигарфаҳмӣ пурқувват мегардад. Самараи ваҳдат аст, ки имрӯз таъмини рушди босуботи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа муҳайё гардида, дар иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу ҳунар ва илму маориф пешравиҳо назаррасанд. Қайд гардид ,ки мардуми соҳибмаърифату сулҳпарвари мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдати миллиро ҳамчун шарти асоси пешрафти ҷомеа донистанд. Имрӯз ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон, ки ҳосили талошҳои хастанопазири Сарвари муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аст,ки аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки натанҳо дар кишвари маҳбубамон, балки дар сатҳи байналмиллалӣ низ мавриди омузиши истифода қарор гирифтаас. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи Ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Ба ақидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ  намедиҳем, ки теша ба решаи он расад». Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу Ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо -тоҷикон фахр месозем.  Дар ҳақиқат ваҳдат беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоди миллат, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст.

Ёдовар мешавем,ки дар мактаби захираи кадрҳо занон ва ҷавонон аз мактаби бузурги роҳбарии шахсиятҳои варзида сабақ меомузанд. Дар мактаби захираи кадрҳо ба шунавандагон беҳтарин донандагони касби хеш  дарс хоҳанд гуфт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *