Рубрики
Uncategorized

БУСТОН: Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилоти  ибтидоии “Хуҷанд-Зил”

Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон  дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ давом доранд.

9-июни соли ҷорӣ бо иштироки  Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон  Ҷалолзода Миршакар Саид, аъзои раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон  Зоирӣ Ғафур Маҳмуд, директори корхонаи муштараки Хуҷанд- Зил Мамадов Ҷаҳонгир  маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботи  доир гардид.

Маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ аз руйи масъалаҳои зерин гузаронда шуд.

– ҳисоботи  ташкилоти ибтидоии  « Хучанд-Зил”

  дар соли 2021 ва то  моҳи июни соли 2022. 

– интихоби раёсати ташкилот ва раиси он.

– интихоби  вакилон ба конференсияи ҳисоботии ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон 

   –  масъалаҳои ҷорӣ.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар Саид

баромад намуда, оид ба беҳтар намудани фаъолияти дохилиҳизбӣ, ҷалби бештари кормандон ба сафи ҳизб, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва  вазифаҳои дар пешистода бахшида  ба 25-солагии Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар маъракаю ҷашнҳо сухан намуданд.

Сипас аъзои раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон  Зоирӣ Ғафур Маҳмуд ба сухан баромада зикр намуд,ки ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Оиннома ва барномаҳои ҳизбӣ ба таври возеҳу равшан инъикос ёфтааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сохтори комил ва шеваи фаъолияти ба худ хосро доро буда, барнома ва стратегияи давлатмеҳвар асоси фаъолияти мо аст.

Баъдан директори корхонаи муштараки Хуҷанд- Зил Мамадов Чаҳонгир 

кайд намуд, ки маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти маҳбуби мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон халқи парешон сарҷамъ омад, пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини хамешабаҳор мустаҳкам гардид ва мо насли хушбахт, чавонони ин сарзамин аз сулҳу ваҳдати кишвари азизамон ифтихор дорем.

Сипас, тибқи тартиби рӯзномаи маҷлис масъалаҳо муҳокима гардида, қарорҳои дахлдор қабул шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *