Рубрики
Асосӣ

БУСТОН: Ташкилоти террористӣ будани ҳизби наҳзатро ҷаҳон эътироф мекунад

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – терроризм ва экстремизм, ки солҳои охир дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон густариш пайдо кардааст, таваҷҷуҳи махсус зоҳир меамоянд.

Дар Паёмҳо терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср, ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда истода, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроӣ ба миён оварда таъкид карда мешавад, ки Паёми имсола низ аз ин холӣ набуд.

Махсус бояд қайд намуд, ки баҳри иҷрои қонунгузорӣ ва муқовимат ба терроризму экстремизм Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12 ноябри соли 2016, “Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” амал мекард, ки дар асоси он аз тарафи мақомотҳои дахлдор дар ин самт корҳои зарурӣ бурда мешуданд.

Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат низ як силсила фикру мулоҳизаҳое карда шуданд, ки аҳаммияти байналмилалӣ дошта, ба ҳифзи дини мубини ислом ва аз байн бурдани мухолифатҳо дар ҷабҳаи мубориза бо терроризми байналмилалӣ равона шуда буданд.

Бинобар ин дар Паёми имсолаи Президенти кишвар бо мақсади идомаи корҳо дар ин самт, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки лоиҳаи нави “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо терроризм ва эктремизм барои солҳои 2021-2025”-ро таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумат пешниҳод намояд.

Бояд қайд намуд, ки пеш аз оне, ки дар бораи ягон мушкилот суханварӣ намоем, сараввал бояд донист, ки мавзӯи суҳбати доир карда, мазмуну маънои он дар чӣ зуҳур мегардад, яъне бояд донист, ки маънои ҳамин ҳаракатҳои номатлуб аз чӣ иборат аст, сипас роҳҳои муқовимат ва пешгирии онро дар сатҳи зарурӣҷӯст.

Аз ин рӯ мо бояд мазмун ва таркиби чунин амалҳои номатлубро ба пуррагӣ донем ва сабабу омилҳое, ки боиси содиргардии чунин ҷиноятҳои махсусан вазнин мешаванд, сарфаҳм равем.

Албатта дар бораи чунин зуҳуроти номатлуб сухан гуфтан, ибрози ақида намудан дар ҷомеаи шаҳрвандӣ қариб, ки ҳамарӯза ҳис карда мешавад, ки ин албатта ақидаи шахсии ҳар як фарди ватандӯсту миллатдӯст мебошад, вале дар бораи чунин амалҳо ягон санади меъёрии ҳуқуқиро надониста, сари масъала иброз намудани ақидаҳои холис бояд дар мадди назари ҷомеаи шаҳрвандии имрӯза бошад.

Махсус бояд қайд намуд, ки дар таҷрибаи кории мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқие истифода ва риояву иҷро карда мешаванд, ки донистани ҳар як фард зарур аст.

Чунончӣ, дар ҷумҳурӣ Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикисон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”, “Дар бораи муқовимат бо экстремизм”, “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом“, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ дар сохторҳои мақомотҳои корҳои дохила, амнияти миллӣ ва дигар субъектони муборизабаранда ва муқовиматкунанда амал мекунанд.

Ҳизби наҳзати исломӣ дар Оинномаи худ мақсадҳои худро ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ якпорчагӣ ва тамомияти арзӣ, истиқрори сулҳ ва таъмини ваҳдати миллӣдар Тоҷикистон қаламдод карда бошад ҳам, аммо дар амал фаъолияти он ба сиёсигардонии ислом ва истифода аз номи ин дини муқаддас равона кард ва то ҳоло карда истодааст.

Дар асоси қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти террористӣ- экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияти он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд.

Ҳизби наҳзати исломӣ, ки имрӯз роҳбарони он дар Аврупо бо гирифтани корти гурезагӣ паноҳ бурдаанд, чорабиниҳо бар зидди кишвари мо баргузор намуда, тавассути сомонаҳои интернетӣ ақидаҳои нопоки худро паҳн менамоянд.

То ба имрӯз аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти қариб 20 ҳизбу ҳаракатҳо, равияҳо ва созмонҳо ҳамчун ташкилоти террористиву экстремистӣ дар қаламрави кишвар манъ карда шудааст, ки инҳо; «Ал-Қоида», «Ҳаракати Исломии Туркистони шарқӣ», «Ҳизби Исломии Туркистон» (собиқҲаракати Исломии Ӯзбекистон), «Ҳаракати Толибон», «Ташкилоти Бародарони Мусулмонон», «Ташкилоти Лашкари Тайиба», «Гуруҳи Исломӣ (Ҷамъияти Исломии Покистон)», «Ҷамъияти Таблиғ», «Ташкилоти динии миссионерии Созмони Таблиғот (Даъват ба Ислом)», «Тоҷикистони озод», «Ҳизб-ут-таҳрир», Ҷамоати (Ҷамъияти) «Ансоруллоҳ», Ҳаракати ҷамъиятии «Гурӯҳи 24», Равияи динии «Салафия», «Давлати Исломӣ», «Ҷабҳат-ан- Нусра» ва «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» ва ғайра мебошанд.

Ҳар кадоми ин ҳизбу ҳаракатҳо ба худ Оиннома, нақша дораду амале кардан мехоҳад, вале агар касе аз онҳоро дар роҳи ҳақиқат рафтан ҳидоят кунад, онгоҳ гуфтаҳоеро мешунавед, ки гӯё вай шаҳрванди давлати мо нест ва ё мусулмон нест.

Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳоло ҳам баъзе афроди ҷомеаи мо ба қадри сулҳу Ваҳдати миллӣ намерасанд ва бо маблағи бегонагон ба ташвиқи бегонапарастӣва фарҳангу мазҳаби ғайр, гумроҳ намудани мардум ва ноором кардани вазъи орому осудаи кишварамон даст мезананд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ба ҳимояти дини ислом, нораво будани нисбат додани ин дини мубин ба терроризм ва экстремизм ва ҳамзамон доир ба оқибатҳои нодида гирифтани хатари терроризм ва бетарафию беэътиноӣ нисбат ба ҳуввият, таъриху фарҳанг ва дигар муқаддасоту арзишҳои миллӣ баромад карданд.

Умуман, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки дар ҳамкорӣ барои пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои ифротгаро, иштироки онҳо дар задухурдҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намуда, омилҳои номатлуби терроризм ва экстремизм, ки барои амнияти давлат ва миллати мо хавф эҷод мекунанд, ҳамкории муштаракро бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба роҳ монда, чун гуфатаҳои Пешвои Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳушёрӣ ва зиракиии сиёсиро аз даст надода, мубориза барем.

Таҷриба собит намудааст, ки ҳузури ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии диниву мазҳабӣ дар майдони сиёсӣ ҳамеша боиси харобиву сар задани низоъҳои гуногун дар кишварҳои алоҳида мегардад. Дар ҳақиқат, таҷрибаи ҳизбсозӣ дар динҳо як амали носозгор буда, чунин рӯйкард дар ислом аз ҷониби аксари мусулмонон қобили қабул нест.

Баъд аз расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, ки ҳосили талошҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ба хотири ҳифзи оромию осудагии кишвар барои фаъолияти сиёсии ҳизби исломӣ низ дар асоси қонунгузории кишвар иҷозат дода шуд. Ҷомеа аз таъсису фаъолияти ин ҳизб интизории тамоман дигар дошт. Нахуст мардум бовар доштанд, ки таҷрибаи ҷанги шаҳрвандӣ ба аъзои он сабақ гаштааст, то дигар ба тавтеаҳои харобиовар даст назананд. Аммо бо гузашти солҳои зиёд омӯзиши фаъолияти Ташкилоти террористӣ-экстримистии ҳизби наҳзати ислом натиҷаҳои тамоман дигарро ба бор овард. Дар фаъолияти сиёсии онҳо дини ислом танҳо барои пиёдасозии ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешуду халос. Мутаассифона, кишварҳое, ки дар минтақа ҳадафҳои сиёсӣ доранд, минбаъд сарпараст ва пуштибони ТТЭ ҲНИ шуданд.

Ҳоло саркардагони ин ташкилоти террористӣ дар Аврупо “ҷомаи демократия” ба бар карда, бо нишондоди хоҷагони хориҷиашон бо ҳар роҳу усул, аз ҷумла ташкили гурӯҳҳо, шабакаву каналҳои ҷудогона дар интернет алайҳи манофеи давлату миллати тоҷик дасиса эҷод менамоянд. Мақсади асосии онҳо ба даст овардани қудрати сиёсӣ асту бас, вагарна бо он гузаштаи нангине, ки доранд, ба камтарин кори манфиатбахш қодир буда наметавонанд.

Чи тавре огаҳӣ дорем таърихи 25- июли соли 2022 ҳайати Прокуратураи генералии Федератсияи Россия таҳти роҳбарии Прокурори генаралии Федератсияи Россия Краснов Игор Викторович бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда дар Қасри миллат бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуд. Дар рафти мулоқот доираи васеи масъалаҳои вобаста таъмини амният ва ҳамкориҳои ҳуқуқӣ дар чорчӯбаи шарики старатегии Тоҷикистон баррасӣ гардид.Ҳамзамон ҷонибҳо масъалҳои аз байн бурдани хатарҳои мавҷудаи дохилиро,ки аз ҷумла тамоюлҳои таҳмили иделогияи тундагароии динӣ, ба ҷомеа,ҳамчунин гурӯҳҳои “хуфта”*-и тероризму экстремизм алоқамндӣ дорад муҳокима намуданд.Дар инт мобайн мавзӯъҳои таъмини қонуният,тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳифзи шаҳрвандони ду кишвар аз ҳама гуна зуҳуроти ҷиноятӣ мавриди ҷонибҳо қарор доштанд.

Равшан ба назар мерасад, ки ин раҳгумзадагон ҳанӯз аз зери таъсир ва дастгоҳи идории хоҷагони хориҷиашон раҳо наёфтаанд. Ҳарчанд ин гумраҳон худро вориси аслии дини мубини ислом хонанд ҳам, дар ҳақиқат, аз исломи ноб дуранд. Куштору ғорату терроре, ки пайравони онҳо ва дигар ҳаракатҳои ифротгарову иртиҷоӣ карданду мекунанд, исломро доғдор месозад. Танҳо ва танҳо Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорату матонат дини мубини ислом ва мусалмонони дунёро мудом аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ ҳимоят мекунанд, ки олами ислом ба ин хидматҳои ҷавонмардонаи Пешвои муаззами тоҷикон сари таъзим фуруд меоварад.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми тоҷик таҳти роҳбарии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиҳои камназир ноил гардид ва инро ҷомеаи ҷаҳонӣ низ эътироф менамояд. Ҳамин аст, ки обрӯву нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ беш аз пеш меафзояд. Пас, бояд инсоф дод ва ин нуктаро низ эътироф кард, ки дастоварди бузургтарини миллати тоҷик дар ин давра Сарвари давлат интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон аст. Зеро маҳз ба шарофати заҳматҳою талошҳои Пешвои муаззами миллат дар Ватани маҳбубамон оромиву осудагӣ пойдор гашт, якпорчагии мамлакат ҳифз шуд ва садҳо ҳазор нафар аз марг раҳо ёфт, ки ин бузургтарин савоб аст назди Худованди карим. Аз ин рӯст, ки мардум ба Эмомалӣ Раҳмон – Сарвари маҳбуб меҳри беандоза дорад, ба Пешвои муаззами хеш арҷ мегузораду ҳамеша содиқ хоҳад монд.

Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди ватанпарастро зарур аст, ки дар муқобили рафтору кирдор ва идеяҳои ифротии бегонапарастонаи душманони миллат бетарафӣ зоҳир накарда, ба ҳар гуна ҳаракатҳои зиддимиллии онҳо посухи сазовор диҳанд.

Сармухтахассиси шӯъбаи ташкилӣ, ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Атоубуллоев Шаҳром

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *