Рубрики
Uncategorized

Бустон: Таъсиси ташкилоти ибтидоии нав дар шаҳри Бӯстон ба муносибати рузи конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба муносибати солгарди Рузи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақвият бахшидану самаранок пеш бурдани фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои олии ҳизб, баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ҷомеа, санаи 03.11.2021 дар филиали Бонки Эсхата, воқеъ дар шаҳри Бӯстон, бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву ватандории ҷавонон ва ифтихори онҳо аз сарзамини аҷдодӣ, аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ташкилоти ибтидоии “Эсхата- Бӯстон” таъсис дода шуд. Дар ин замина, дар толори китобхонаи филиали бонк ҷамъомади бошукӯҳе бо иштироки Ҷалолзода Миршакар Саид- Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, Директори филиали Бонки Эсхата дар шаҳри Бӯстон, масъулони кумита, кормандони бонки номбурда баргузор гардид. Ҷамъомадро сарсухани директори бонк ҳусни ифтитоҳ бахшида, баъдан, Ҷалолзода Миршакар ҳамагонро ба муносибати Рӯзи конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният намуда оид ба нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дастовардҳои ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуд. Дар охир, ба якқатор кормандони Бонк, ки ба сафи ҳизб пазируфта шуда буданд, шаҳодатномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *