Рубрики
Асосӣ

БУСТОН: Таҷлили рӯзи дониш

Санаи 1 сентябр дар саросари кишвари азизамон дар фазои идона, бо як ҷаҳон фараҳу шодӣ ва эҳсоси ифтихор аз фарорасии бузургтарин ҷашни таърихи нави давлатдориамон, яъне 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли нави таҳсили 2022 – 2023 оғоз ёфт. Баробари дигар муассисаҳои таълимӣ дар МТМУ рақами 4-и шаҳри Бӯстон ботантана Рӯзи дониш таҷлил карда шуд.

Дар чорабинии мутантани ин таълимгоҳ намояндагони МИҲД- вилояти Суғд ва шаҳри Бӯстон, ҳамчунин, намояндагони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва кумиҷроияи шаҳрӣ иштирок намуданд.

Табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси шаҳри Бӯстон Мавзуна Мӯинова ва Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохонро намояндагони мақомотҳо ва Кумиҷроияи вилоятӣ расонида, ба устодону омӯзгорон ва хонандагон саломативу комёбиҳо ва хониши хубу аъло таманно намуданд.

Баъди шунидани табрикот ва ҷамъбасти чорабинӣ меҳмонон ва хонандагон дар толори муассиса суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи дониш тамошо карданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *