Рубрики
Асосӣ

БУСТОН: Қонуни Чумхурии Точикистон дар бораи хифзи ичтимоии ахоли дар чомеа

Иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Дар толори маҷлисгохи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон дарси навбатии мактаби захираи кадрҳо бо иштироки аъзои раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Зоирӣ Ғафур Маҳмуд, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Точикистон дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар Саид дар мавзуи Иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” доир гардид.

Дар оғоз Раиси Кумитаи иҷроияи Хизби Халқии Демократии Точикистон дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар Саид изҳор дошт,ки ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла шахсони дорои имконияти маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад ва пайваста дар ин самт аз ҷониби Роҳбари давлат новобаста аз иду ҷашнҳо корҳои муҳимму назаррас анҷом дода мешавад.

Сипас ба шунавандагон аъзои раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Зоирӣ Ғафур Маҳмуд, доир ба мафхум ва мохияти Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи хифзи ичтимоии ахоли дар чомеа,ва амалишавии ичрои

Карорхои Хукумати Чумхурии Точикистон дар бораи расонидани ёри ба оилахои камбизоат харф зад.

Зикр карда шуд,ки маросими аёдат ва туҳфасупории Пешвои муаззами миллат ба маъюбону барҷомондагон, ки зимни ҳар як сафари кориашон ба тамоми шаҳру навоҳии кишвар сурат мегирад, дер боз ба ҳукми анъана даромадааст, ки сазовори таҳсину офарин ва намунаи олии пайравӣ аст.

Ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд, нафақахӯрону собиқадорони меҳнат ва ба ёрии тиббӣ фаро гирифтани онҳо дар меҳвари Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 қарор дошта, ҳизби мо пайваста дар ин самт иқдомоти мухталиф, аз ҷумла роҳандозии чорабиниҳои идона, аёдати ва дастгирии онҳо дар арафаи иду ҷашнҳоро рӯйи даст мегирад ва ба ин васила саҳми худро дар ҳавасмандгардонӣ, тавонбахшӣ ва баланд бардоштани рӯҳияи онҳо мегузорад,-гуфт Зоирӣ Ғафур Маҳмуд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *