Рубрики
Uncategorized

Бӯстон:Мақола: Таърихи наҳзатиёни террорист варақгардон хоҳад шуд

Таърих гувоҳ аст, ки наҳзатиёни террорист дар тӯли бештар аз 30 сол ҳамеша, бо роҳҳои ғайри қобили қабул, аҳдоми шуми худро пайгирӣ мекунанд. Дар ҳар фурсати бадастомада ба хотири иғво андохтану такроран мардумро дар доми худ афтондан бо дасисаву овозаҳои бардуруғ муқоми сиёси имрӯзаи кишварро, ки дар ҷаҳон беназир аст, паст задан мехостанд ва ҳоло низ мехоҳанд. Баъди фирор ба Аврупо онҳо аз ҳисоби хоҷагони хориҷии худ маблағ ба даст оварда, чандин сомонаҳои интернетӣ ташкил карданд. Ҳамарӯза ба воситаи ин сомонаҳо маълумотҳои бардурӯғ паҳн мекунанд ва зидди манфиатҳои миллии миллати тоҷик фаъолият мебаранд. Ҳадафи аслиашон тариқи маълумотҳои бардурӯғ иғво андохтан миёни сокинони кишвар аст. Туҳмату дурӯғгуӣ, ғайбату ҳасудхурӣ кори маъмулии ин хоинон гардида, бар ин васила ин палидон худро дар пеши хоҷагонашон ширин менамоянд. Ҳадафи навиштани ин матлаб бори дигар нишон додани симои аслии ин террористони ғуломи хоҷагони хориҷӣ буда, амалҳои анҷомдодаашон нисбат ба миллати тоҷик варақгардон хоҳад шуд, аз ҷумла;

Якум, «Баҳманмоҳи хунин» найраги ифротиёни наҳзатӣ буд.

Ҳарчанд аз ҳодисаҳои фоҷиабори феврали соли 1990 бештар аз сӣ сол мегузарад, аммо номи шаҳидони он аз ёди мардуми тоҷик намеравад. Агар, аз як тараф, кушта шудани инсонҳои бегуноҳ дили мардумро озурда карда бошад ва онҳо ин ҳодисаро фаромӯш карда наметавонанд, аз тарафи дигар, идомаи фаъолияти нопоки наҳзатиён ҳар лаҳза он ҳодисаҳоро ба ёди мо меоваранд. Ҳар гоҳ мебинем, ки ин гурӯҳи ифротӣ садо баланд мекунад ё даст ба амалҳои тахрибкорона мезанад, ҳама ҷиноятҳояшон, аз ҳамон баҳманмоҳи навадум то ҳол, пеши назар меояд. Танҳо як суол ба миён меояд, ки то ба кай ин ҷинояткорон кори худро идома медиҳанд?

Даст доштани ифротиёни наҳзатӣ дар фитнаҳои баҳманмоҳ барои ҳама донишмандон маълум буду ҳаст. Садҳо шоҳидон инро тасдиқ карда метавонад. Муҳимтарин онҳо худи Президенти вақти кишвар Қаҳор Маҳкамов мебошад, ки зимни як суханронӣ дар маҳфили «Гуфтугӯи тамаддуҳо» таъкид карда буд: «Нахуст эътирозгарони ҳодисаҳои моҳи феврали соли 1990 бо тариқи қозикалони вақт, овозаҳо дар бораи ба Араманиҳои аз заминҷумбӣ бесарпаноҳмонда додани манзилҳои истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе паҳн карда, мехост вазъиятро бо ин роҳ ноором ва Ҳукуматро бадном созад» Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамаи он фармонбардорони қозии вақт баъд ба ҷузъу томҳои артиши тахрибкори наҳзатӣ табдил ёфта, аъзои фаъоли он гаштанд. Ин ифротиёни қудратталлаб иғвои ҳаҳманмоҳро барои расидан ба қудрат роҳандозӣ карда буданд, ки ин замина шуълаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ барафрухта шуд.

Иғвогарони наҳзатӣ дар он шабу рӯзи ноором кӯшиши гирифтани қудратро карда буданд. Онҳо худро ҳамчун пуштибони мардум муаррифи карда, чи таҳқирҳоеро ба раҳбарияти интихобкардаи халқ раво дида буданд. Дар ягон кишвари ҷаҳон чанд нокасе нокасе наметавонад чунин таҳқирро ба Президенти интихобшуда кунад. Аммо ин бешармҳои ҷинояткор чунин кори носавобро карда буданд. Сабаби асосии сар задани «Баҳманмоҳи хунин» иғвои наҳзатиён буд, ки барои роҳ ёфтан ба қудрат бар ивази хуни мардум таҳрезӣ ва амалӣ карда буданд. Онҳо баъди бозсозии горбачёвӣ имкони гурӯҳ ташкил карданро пайдо карда буданд ва дар муддати кӯтоҳ тавонистанд ба ҳам оянд ва нақшаҳо кашанд. Акнун фурсат мепоидан, кия гон фоҷиа рух диҳад ва аз он суистифода карда, қудратро аз дасти ҳукумати қонунӣ бигиранд. Заминҷунбии харобиовари моҳи декабри соли 1989 дар Арманистон ҳамон фоҷиае буд, ки ба наҳзатиён фурсат дод. Онҳо ду моҳ нақшаи амалии худро кашиданд ва дар моҳи феврал онро амалӣ сохтанд. Тибқи ҳамин ҳадафҳои шумашон, дар миёни мардуми Душанбе бо манзил дар он замон ниҳоят мушкил ва ҳалталаб буда, ҳазорҳо нафар дар навбати хонагирӣ меистоданд. Ифротиёни наҳзатӣ бо дастгирӣ ва маслиҳати душманони миллати тоҷик аз ин фурсат суистифода карда, кӯшиши номуваффақи худро барои ғабси ҳокимият роҳандозӣ карданд. Дигар барои онҳо хуни инсонҳо арзиш надошт. Хушбахтона, тари ин террористон хок хурд ва онҳо натавонистанд қудратро ба даст бигиранд.

Дуюм, даъвати аҳолӣ ба «Ҷиҳод» муқобили ҳокимияти конститутсионӣ: Мавриди зикр аст, ки таъсиси нахустини Ҳизби наҳзати исломӣ (ТЭТ ҲНИ) ҳанӯз соли 1978 дар савхози «Турманистон»-и ноҳияи Бохтар буда, дар аввал мисли созмони махфии «Бародарони мусалмон» ба таври пинҳонӣ фаъолият дошт. 21-уми октябри соли 1991 анҷумани муассисони ҳизб ба таври расмӣ баргузор гардида, солҳои 1991 – 1993 ҳизби мазкур ошкоро амал намуда, фаъолияти террористӣ мекард.  Моҳи декабри соли 1992 ва январи 1993 пас аз шикасти ҷиддӣ дар минтақаҳои Душанбе, Кофарниҳон ва Файзобод ба самти ноҳоияҳои минтақаи Ғарм фирор намуд. Ғояи худро бо роҳи зуроварӣ дар онҷо тарғиб намуда, ба ном тартиботи исломиро ҷорӣ намуданд. Дар онҷо ба худ Шӯро бо номи «Инқилоби исломии Ғарм» таъсис дода, зери Роҳбарии Рустамов С.Т., Содиров Р., Хоҷаев Н., ва дигарон моҳи декабри соли 1992 аҳолии ҳудуди ноҳияҳои минтақаи Ғарб-ро ба ҷиҳод муқобили ҳокимияти қонунӣ даъват намуданд. Хушбахтона нерӯҳои ҳукуматӣ он палидҳоро сарнагун намуданд.

Сеюм, наҳзатиёни террорист саркардагони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ. Ҳамаи сокинони кишвар огоҳанд, ки маҳз пас аз намоишҳои бардавоми ҳаракати «Растохез» ва созмони «Лаъли Бадахшон» дар майдони «Шаҳидон» ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз гардид. Дар натиҷаи мувофиқи ҳисобҳо ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисоди мамлакат, бештар аз 10 миллиард долари амрикоӣ заёни моддӣ расонид, ки дар он замон 105 маротиба аз буҷаи соли 1995 зиёд буд. Зиёда аз 30 ҳазор хонаҳои истиқоматӣ сўзонида, садҳо биною иншоот, заводу фабрикаҳо, муассисаҳои тиб, мориф, идораҳои давлатӣ ва дигар муассисаҳои зиёд харобу валангор гардиданд. Зарари маънавии ҷанг ҳадду ҳисоб надошт, зеро бар асари он даҳҳо ҳазор занон аз шавҳаронашон маҳрум гардида, бештар аз 55 ҳазор кўдакон ятим монданд. Ин ҳама маҳз бо дасти наҳзатиёни палид ва хоини давлату миллат буд.

Чорум, хиёнати наҳзатиён дар таърихи 4-сенятбри соли 2015 (ошуби Ҳоҷи Ҳалим). Ҳодисаи нангини мазкур нақшаи мушаххаси тарҳрезишудаи ин ноҷавонмардони миллат буда, бо дасти беруна омода гардида, бо дасти худиҳо бояд амалӣ мешуд. Дар қазияи мазкур Назарзода Абдуҳалим маъруф бо лақаби «Ҳоҷи Ҳалим» ва гурӯҳи террористии ӯ бевосита аз ҷониби раиси ТЭТ ҲНИ хоини миллат Муҳиддин Кабирӣ идора ва раҳнамоӣ мешуд. Мақсади аслиашон тариқи зуроварӣ ғасби ҳокимият буд. Хушбахтона, ба амали нопоки худ даст ёфта натавонистанд.

Хуллоса, ин гурӯҳи хунхору террористӣ дар зарфи бештар аз 30 сол аҳдоми шуми худро то кунин паёгирӣ намуда, имрӯзҳо дар хориҷи кишвар истода тарақи шабакаҳои иҷтиомӣ ба мағзшӯӣ ва шуронидани сокинони кишвар бар зидди ҳукумати қонунӣ бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ машғул буда, хостгори такрори амалҳои ноҷавонмардонаи дар боло зикгардаи худ ҳастанд. Аз ин рӯ, кулли сокинони кишварро зарур аст, ки бар зидди ин палидон ба хотири нигоҳ доштани амнияту суботи комил дар кишвар дастаҷамъона мубориза бурда, ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем.

ҶАЛОЛЗОДА Миршакар

Раиси КИ ҲХДТ

дар шаҳри Бӯстон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *