Дар асоси супориши роҳбарияти олии Ҳизби Халқии Декмократии Тоҷикистон, барқияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд №81 аз 05.10.2021 бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву ватандории ҷавонон ва ифтихори онҳо аз сарзамини аҷдодӣ, санаи 19 октябри соли 2021 аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон дар қисми ҳарбии 01972 аксия зери унвони “Рӯзи дарҳои кушод” бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Муовини якуми Раиси шаҳри Бўстон Маҳмудзода Қаюмҷон, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар Саид, намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва зиёда аз 300 нафар аъзоёни фаъоли намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” аз Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар Саид баромад намуда, вобаста ба дастовардҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишора намуданд.
Дар охир, аз ҷониби Кумиҷроияи шаҳрӣ ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон ба қисми ҳарбии мазкур маводҳои хӯрока, маҳлулҳои антисептикӣ, маскаҳо, тубҳои гуногуни варзишӣ ва мевагиҳо тақдим гардид.