Дар асоси барқияи телефонии Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 05.04.2022; №8, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 30-юми марти соли 2022 дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, санаи 06-уми апрели соли 2022 дар толори “Маркази давлатии кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Бӯстон” чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани нишондиҳандаҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои супоришҳои зикршудаи Президент, дастурҳои Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои ободонӣ, ташкили дурусти корҳо оид ба кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки заминҳо, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, танзими нарх дар бозорҳо ва боло бурдани иқтидори содиротии кишвар, инчунин ҷиҳати иҷрои нақша чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вобаста ба ин, вусъат додани корҳои ободониву кабудизоркунӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву маҳаллаҳо дар тамоми қаламрави шаҳр доир карда шуд.
Дар чорабинии мазкур Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар Саид, Роҳбари МД КАТС-и шаҳри Бӯстон Ҷалилов Абдуазиз, мудирони шуъбаву бахшҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон ва табибону кормандони МД КАТС иштирок намуданд.
Сараввал, Ҷалилов Абдуазиз Роҳбари МД КАТС-и шаҳри Бӯстон меҳмононро хушомадед намуда, суханро ба Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар Саид дод. Мавсуф, дар рафти баромади худ вобаста ба масълаи болозикр ишора намуда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки саҳми назарраси худро ҷиҳати дар амал татбиқ намудани супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоранд.
Ҳамзамон, якчанд нафар кормандони фаъоли МД КАТС-и шаҳри Бӯстон бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон қадршиносӣ гардида, ба аъзоёни нави ҳизб дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.